ПОСУХИ ҶОНИБИ ИСРОИЛӢ БА ХАБАРИ БОФТА

 

Дар пайи дар шабакаи иҷтимоии Твиттер нашр шудани хабар, ки гӯё дар Маркази тиббии Ҳертслияи Давлати Исроил Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дармон ёфтааст, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд бо дипломатҳои Сафорати Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) дар тамос шуда, таваҷҷуҳи ҷониби исроилиро ба интишори хабари бардурӯғи мазкур ҷалб кард.

Дар посух дипломатҳои исроилӣ иттилоъ доданд, ки Вазорати тандурустии Исроил расман аз пулиси кишвар ва шабакаи иттилоотии Твиттер талаб намудааст, ки пайдоиш ва манбаи хабари мазкурро оҷилан муайян кунад. Гузашта аз ин, Вазорати мазкур дар натиҷаи санҷиши дохилии худ муайян намудааст, ки хабари нашршуда асоси воқеӣ надорад.

Мудири кулли Маркази тиббии Ҳертселия Дани Энгел, ки хабари мазкур аз номи ӯ дар Твиттер нашр шудааст, ба Вазорати тандурустии Исроил таъкид кардааст, ки ҳаргиз чунин хабареро нашр накардааст ва ҳисобе, ки дар Твиттер ба номи ӯ буда, хабари мазкур дар он гузошта шудааст, дар асл аз ӯ нест ва қалбакист.

Дар робита ба мавзӯъ Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ эҳтироман даъват менамояд, ки пеш аз мунташир намудани ҳар гуна хабар сиҳату дурустии онро бисанҷанд, то масъули паҳн кардани хабарҳои кизбу бардурӯғ нашаванд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»