ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ АВТОБУСҲОИ ДУҚАБАТА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

ш.Душанбе, 03.10.2020. Бо ибтикорот ва ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шурӯъ аз 2 октябри соли равон дар хатсайри №8-и пойтахт, ки теъдоди мусофирон дар масири мазкур бештар мебошанд, автобусҳои дуқабата ба фаъолият оғоз намуданд. Пардохти ҳаққи роҳкиро дар автобусҳои мазкур низ тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст. Хатсайри мазкур аз Дарвозаи ғарбӣ оғоз гардида, тавассути кӯчаву хиёбонҳои Н.Махсум, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ, С.Айнӣ, А.Дониш, Мастонгулов то Фурӯдгоҳи куҳна идома меёбад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ба хизматрасонии мусофирон шурӯъ намудани автобусҳои дуқабата ҳам, ки дар Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии «AKIA AVESTO» истеҳсол мешаванд, аз ҷумлаи ин тадбирҳост. Дар оянда дар дигар хатсайрҳои пойтахт ҳам ба фаъолият оғоз намудани автобусҳои дуқабата дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ду-се соли охир дар хатсайрҳои автобусии ҳудуди пойтахти мамлакат автобусҳои замонавӣ роҳандозӣ карда шуда, онҳо ба аҳолии шаҳр хизмат расонида истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки автобусҳои «AKIA» дорои 26 ҷойи нишаст буда, таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз дигар автобусҳо бартарӣ доранд. Муҳаррики он истеҳсоли ширкати «Мерседес Бенс» мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад. Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»