ш.Душанбе. 10.10.2020. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳти сарварии ҳамоҳангсози гурӯҳ Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба сохторҳои федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои Шимолӣ Олег Владимирович Мелниченко, ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати мо ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Марҳилаи муҳими рушди ҷараёни назорати байналмилалии интихобот дар кишварҳои ИДМ тасдиқи "Конвенсия дар бораи меъёрҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ" аз ҷониби кишварҳо-иштирокчиёни Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он аз соли 2003 ҳамроҳ мебошад.
Тавре таъкид гардид таҷрибаи Ассамблеяи Байнипарламетӣ шурӯъ аз соли 1994 дар анҷоми мониторинги интихобот бахши муҳимми фаъолияти он ба шумор меравад.
Дар мулоқот изҳори боварӣ гардид, ки иштироки ҳайати мушоҳидони Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихобот бидуни ягон шак ба таъмини принсипи ошкорбаёнӣ ва шаффофияти ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусоидат мекунад.