ш.Душанбе.13.10.2020. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” ҷиҳати бетаъхир ва сари вақт татбиқ гардидани нақшаи амалии зимистонгузаронӣ дар пойтахт як зумра тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.
Дар ин радиф, бо мақсади мутобиқ гардонидани таъмини фаъолияти самаранокии сохторҳои гуногуни шаҳрӣ ва ҳамоҳангии корҳои аввалиндараҷаю таъхирнопазири муштарак бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, омодагии иншоотҳои ҳаётан муҳим, корхонаҳои хизматрасонии манзилию коммуналӣ, соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 аз 5 майи соли 2020, №295 қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои он ва ҳайати Ситоди шаҳрӣ тасдиқ гардид.
Тибқи нақшаи қабули энергияи гармӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 2511 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ба ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ 500 адад, Шоҳмансур 500 адад, Сино 1269 адад ва Фирдавсӣ 242 адад иншоот рост меояд.
Дар ин давра, дақиқан то 1 октябри соли равон аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе як қатор корҳои таъмирию азнавсозӣ, аз ҷумла таъмири ҷории қубурҳои гармидиҳанда - 33,5 км (102,1%), иваз намудани қубурҳои гармидиҳанда - 5,066 км (110,9%), таъмири ҷории истгоҳҳои насосӣ - 28 адад (103,7%), таъмири ҷории чоҳҳои гармитақсимкунӣ - 221 адад (116,3%), таъмири ҷории лукидонҳо - 1263 адад (119,2%), иваз намудани лукидонҳо - 115 адад (100,9%), таъмири ҷории дегхонаҳои локалӣ - 5 адад (100%), таъмири ҷории таҷҳизотҳои технологии бунгоҳҳои гармидиҳӣ - 2 (100%), таъмири асосии элеваторҳо - 36 адад (100%) ва таъмири ҷории элеваторҳо - 936 адад (110,1%) иҷро шуданд.
Ҳамчунин, дар иншоотҳои ҶСК “Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе” корҳои таъмири ҷорӣ ва корҳои гарминигоҳдорию барқарорсозӣ дар таҷҳизотҳои асосӣ ва ёрирасон дар МБГ-1, МБГ-2 ва дегхонаҳо ба анҷом расонида шудааст.
Шурӯъ аз 11 октябри соли ҷорӣ интиқоли энергияи гармӣ ба бинову иншоотҳои шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар ин самт корҳои батанзимдарорӣ идома доранд.
Мувофиқи нақшаи истеҳсоли энергияи барқ ва интиқоли энергияи гармӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 нақшаи фаъолияти ШСХК “Барқи Тоҷик” дар якҷоягӣ ҶСК “Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе” тасдиқ гардида, дар чаҳорчӯбаи он бояд Маркази барқу гармидиҳии №1 бо сарбории 100 МВт энергияи барқ ва 160 Гкал/соат энергияи гармӣ, Маркази барқу гармидиҳии №2 бо сарбории 350 МВт энергияи барқ ва 235,48 Гкал/соат энергияи гармӣ, дегхонаи «Ғарбӣ» бо сарбории 80 Гкал/соат энергияи гармӣ ва дегхонаи «Шарқӣ» бо сарбории 20 Гкал/соат энергияи гармӣ фаъолиятро ба роҳ монанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи муқаррароти зикргардида ва бо мақсади фароҳам овардани шароити қуллай ва беҳтар барои сокинони пойтахт тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати омода будани шаҳри Душанбе барои бемамоният сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 татбиқи саривақтии масоили ҳалталабу заруриро таъмин менамояд.