ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ИНТИҚОЛИ ГАРМӢ БА ИНШООТ ВА БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ИДОМА ДОРАД.

 

ш.Душанбе.15.10.2020. Тавре иттилоъ дода будем, шурӯъ аз 10 октябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе мавсими интиқоли гармӣ оғоз гардид.

Ҳоло қувваи гармӣ асосан ба маҳаллаҳои алоҳидаи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино интиқол дода мешавад.

То санаи 15 октябр 1001 иншоот ва биноҳои истиқоматӣ гармӣ гирифта истодаанд.

Энергияи гармиро ба бинову иншооти шаҳри Душанбе Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе интиқол медиҳад.

Имсол бинобар сабаби сард омадани ҳаво мавсими гармидиҳӣ нисбат ба соли гузашта 20 рӯз пеш оғоз ёфт.

Соли 2019 Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе 28 октябр оғоз карда буд.

Тибқи нақшаи қабули энергияи гармӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 2511 бинову иншоот ба марказгармӣ пайваст карда мешаванд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»