ш.Душанбе. 21.10.2020. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1335 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 13 апрели соли 2020, №-252 дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» оғоз гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар озмун композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, навозандагон, ҳунармандони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳия, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат, сарояндаҳои санъатдӯст, ансамблҳои оилавӣ, шахсӣ ва истеъдодҳои алоҳида иштирок карда, асарҳояшонро дар шакли якка ва гурӯҳӣ пешниҳод менамоянд.
Озмун баҳри тарғиби санъати асил, боз ҳам ғанитар гардонидани фазои маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик дар се давра гузаронида шуда, 16 ноябри соли 2020 ҷамъбаст карда мешавад.
Дар озмуни шаҳрӣ 100 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт дар 3 номинатсия - композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ қувва меозмоянд.
Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» аз 21 то 25 октябри соли 2020 бо иштироки доираи васеи ҳакамони иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи фарҳанг ва илму адаби мамлакат баргузор мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки даври якуми озмуни болозикр аз 18 то 24 августи соли ҷорӣ бо иштироки 572 нафар довталабон аз 4 ноҳияи шаҳри Душанбе, аз ҷумла Шоҳмансур - 70 нафар, Фирдавсӣ - 290 нафар, Исмоили Сомонӣ - 136 нафар ва Сино - 76 нафар дар толорҳои консертии муассиса ва марказҳои фарҳангии пойтахт доир гардид.
Довталабон маҳорати худро дар 3 номинатсия - композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар се жанр - академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ намоиш доданд.
Аз ин шумора баъди даври интихобӣ 236 нафар барои ширкат дар даври ноҳиявӣ пешбарӣ гардида, баъди ҷамъбасти даври ноҳиявии озмун 100 нафар довталабон ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» мегарданд.