ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН" ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

ш.Душанбе. 28.10.2020. Имрӯз даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1335 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 13 апрели соли 2020, №-252 дар толорҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов аз 21 то 25 октябри соли 2020 баргузор гардид, ҷамъбаст карда шуд.

Натиҷаҳои даври шаҳрии озмун бо иштироки доираи васеи иштирокчиён ва коршиносону мутахассисони соҳаи фарҳанг дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ҷамъбаст гардид.

Дар маросими супоридани мукофотҳо муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз аҳамияти ин чорабинии фарҳангӣ дар таърихи навини кишвар ёдовар шуда, иштирокчиён ва ғолибони озмунро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрик намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни шаҳрӣ наздики 100 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт дар 3 номинатсия - композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ қувва озмуданд.

Дар озмун композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, навозандагон, ҳунармандон, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги пойтахт ва ноҳияҳои он, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат, сарояндаҳои санъатдӯст ва истеъдодҳои алоҳида иштирок карда, асарҳояшонро дар шакли якка ва гурӯҳӣ пешниҳод карданд.

Пас аз ҳунарнамоии довталабон аз ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур ҳакамон 36 нафар ғолибонро дар наминатсияҳои оҳангсозӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ муайян карданд.

Дар ҷамъбаст Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва раиси ҳакамон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Миралӣ Достиев дар вазъияти тантанавӣ ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»-ро бо мукофотҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ намуданд.

Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ - ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» гардиданд.

Ҷамъомад бо консерти ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҷамъбаст карда шуд.

Тазаккур бояд дод, ки озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»