«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»: ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУН

 

ш.Душанбе. 29.10.2020. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе" даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шароити тантанавӣ ҷамъбаст гардид.

Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1339 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 апрели соли 2020, №251 дар шаҳри Душанбе миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд.

Дар даври шаҳрии озмуни мазкур аз чор ноҳияи пойтахт 174 нафар ғолибони даври дуюми озмун, аз ҷумла 109 нафар тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, 44 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва 21 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок варзида, дар доираи талаботҳои муқарраргардидаи озмун вобаста ба аз бар намудани осори назмию насрии адибони классик ва муосири тоҷик, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон, истеъдоди шоирӣ ва дигар мавзуҳои вобаста ба васфи Тоҷикистон, дӯстиву бародарӣ, хайру эҳсонкорӣ, ишқи поки инсонӣ, тараннуми ваҳдату сулҳу субот маҳорат ва малакаи худро нишон доданд.

Довталабон дар бахшҳои озмун аз рӯи номинатсияҳои “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” ва номинатсияи “шоирӣ” байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки даври шаҳрии озмуни мазкур аз 20 то 23-юми октябри соли 2020 дар толори Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе" бо иштироки ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва аҳли қаламу адаб гузаронида шуд.

Даври шаҳрии озмун бо рақобати солими довталабон ҷамъбаст гардида, барои иштирок ба даври ҷумҳуриявии он 58 нафар аз рӯйи наминатсияҳои озмун роҳхат гирифтаанд. Аз ҷумла, 12 нафар ҷойҳои якум, 27 нафар ҷойҳои дувум ва 19 нафар ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.

Ба ғолибони ҷойҳои якум 10000 сомонӣ, ҷойҳои дувум 7000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5000 сомонӣ аз ҳисоби маблағузории фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе бо инобати пардохти андозҳо мукофотпулӣ ва диплом тақдим карда шуд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»