"ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ПРЕЗИДЕНТИ ВАҲДАТОФАР ВА ПЕШВОИ МАҲБУБИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН": ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ

 

ш.Душанбе. 16.11.2020. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон - Президенти ваҳдатофар ва Пешвои маҳбуби сулҳ дар ҷаҳон" ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.

Дар ҷамъомад роҳбарият ва кормандони сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгоҳи Раиси шаҳр, олимону донишмандон, адибону шоирон, мутахассисону коршиносон, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид ва табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба самъи ҳозирин расонд.

Мавсуф, аз ҷумла, иброз доштанд, ки бо назардошти саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шурӯъ аз соли 2016 санаи 16 ноябр ҳамчун рӯзи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад.

Таъкид гардид, ки аз рӯзи ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокоронаи худ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд ва заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд ва дар эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд.

Тавассути хизматҳои шоиста дар назди халқу ватан сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис доданд. Фароҳам гардидани чунин шароит барои гузаштани кишвар ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар масоили дохилӣ, балки дар масъалаҳои байналмилалӣ низ бузург мебошанд.

Маҳз, тавассути ба роҳ мондани сиёсати бобарор ва башардӯстона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки обрӯ ва эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошта, миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Дар ҳамоиш Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯ Абдулло Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва дигарон оид ба хизматҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулёбии давлатии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, саҳми бузург дар барқарории сулҳу ваҳдат, ҳамчун Пешвои миллат ва Президенти мардумии Тоҷикистони соҳибистиқлол андешаронӣ намуданд.

Тавре гуфта шуд, дар тӯли бисту нуҳ соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошта, соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.

Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим шуда, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ эътироф гардид

Инчунин, кишвари мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуда, бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд.

Натиҷаи сиёсати созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчун кишвари ташаббускор дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст ва дар ин муддат чандин пешниҳодҳои байналмилалии кишвар бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳон қабул ва татбиқ гардида истодаанд.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Маҳз, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Дар ҳамоиш филми мустанади "Достони Пешво" оид ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи ҳифзи давлати миллӣ, истиқрори сулҳу осоиш ва дастовардҳои кишвар дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар намоиш дода шуд.

Санъаткорон бо барномаи ҷолиби ҳунарӣ хотири иштирокчиёни онро болида намуданд.

Дар фарҷом иштирокдорони ҳамоиши тантанавӣ ба таври дастаҷамъона толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар толорҳои Осорхонаи миллиро бо завқи баланд тамошо карда, аз таърихи навини кишвар ва дастовардҳои ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ маълумотҳои нав пайдо карданд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»