САФАРИ РАСМИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

 

 

ш.Душанбе. 24.11.2020. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ озими шаҳри Москваи Федератсияи Россия шуданд.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Илёс Умаханов ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»