ш.Душанбе. 04.12.2020. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш»» ҳамоиши кормандони соҳаи тандурустии пойтат доир шуд.
Бемории каронавируси COVID-19 охири соли 2019 ва умуман дар соли 2020 ба инсоният мушкилоти зиёде эҷод намуда, ба вазъи соҳаҳои муҳими зиндагӣ бахусус иқтисодиёту иҷтимоиёт, сиёсату фарҳанг ва ҳатто ба робитаи ногусастаи аҳли башар лакнат ворид сохт.
Дар ин баробар то ба ҳол доман паҳн намудани ин маризӣ, миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ мавзӯи доғи рӯз ва мушкилоти ҳалпазир дар курраи замин боқӣ мемонад.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар аксар кишварҳои сайёра мавҷи дуюми бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳолат аз ҷомеаи башарӣ ҳушёрӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои санитарӣ - эпидемиологӣ ва бе шакку шубҳа қабули пешниҳодоти табибон дар самти ҳифзи саломатӣ аз олудашавӣ ба бемории мазкурро талаб менамояд.
Ин нуктаро Мавсума Муинӣ - муовини Раиси шаҳри Душанбе зимни баргузории ҷамъомади кормандони соҳаи тандурустии пойтахт, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон ”Шифобахш”, бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, раёсати корҳои дохилӣ, муассисаҳои табобатию – профилактикии тандурустии ҳудуди шаҳри Душанбе бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, баргузор гардид, баён дошт.
Маврид ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур бо ибтикори бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти беҳдоштии сиҳатии аҳолӣ. хизматрасонии тиббии саривақтӣ ва босифат баргузор гардид.
Дар рафти баргузории ҷамъомад зикр шуд, ки маҳз бо тадбирҳои саривақт андешидаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корҳои таъҷилан анҷомдодаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ, интиқол ва сирояти ин навъи беморӣ дар акҷоягӣ бо мақомоти дахлдор, хосатан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон каронавируси COVID-19 дар қиёс бо дигар кишварҳо миёни ҷомеаи тоҷик нисбатан хисороти ками ҷониву молӣ расонид.
Дар ин замина аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ чораҳои фаврӣ андешида шуда, дар муассисаҳои тандурустии пойтахт дар як муддати кутоҳ барои ташхису табобати ин беморӣ шароитҳои созгор фароҳам оварда шуда, бо маводҳои доруворӣ ва таҷҳизоти тиббии зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Дар чорабинӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода зикр намуд, ки имрӯз дар аксар кишварҳои сайёра ҳолатҳои мавҷи дуюми COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳолат ҳар як кишварро муваззаф мегардонад, ки соҳаи тандурустии хешро дар ҳолӣ омодабош қарор диҳад.
Маҳз бо дарки ин ҳолат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз мавҷи навбатии коронавирус чорандешиҳои заруриро ба роҳ мондааст ва яке аз ин тадбирҳо аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ манъ намудани баргузории ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, шабнишиниҳо ба муносибати Соли нави мелодии 2021 мебошад.
Дар ин миён аз аҳли масъулини соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла пойтахт даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти пешригии ҳама гуна бемориҳо, хоса маризии каронавируси COVID-19 аз ин ҳам бештару пештар фаъолияти худро ба роҳ монанд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар баромади худ зикр намуданд, ки мутаассифона қисми зиёди сокинону меҳмонони пойтахт тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, бозору марказҳои савдо, нигоҳ доштани фосилаи муайяни иҷтимоиро дар пойтахт дар сатҳи зарурӣ иҷро накарда, ба саломатии худ ва наздиконашон бепарвоёна муносибат менамоянд, ки боиси паҳншавии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ мегардад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки дар навбати аввал кормандони соҳаи тандурустӣ дар иҷрои қарорҳои ситоди ҷумҳуриявӣ ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳр бояд ба дигарон намунаи ибрат буда, пайваста бо шаҳрвандон дар ин самт корҳои таблиғотиро ҷоннок намоянд.
Ҳамзамон дар баробари масъалаҳои болозикр дар ҷамъомад доир ба омода намудани муассисаҳои тандурустии пойтахт ба мавсими сармо, ҳифзи сиҳатии сокинон, пешгирии онҳо аз бемориҳои мавсимии сироятӣ, бахусус коронавируси COVID-19, пешгирӣ аз ҳолатҳои сӯхтор, захираи маводҳои озуқаворӣ ва доруворӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ ва аз ҷониби кормандони соҳа саривақт ба аҳолӣ расонидани хизматрасониҳои тиббии босифат ва ҷиҳати саҳмгузории кормандони соҳа ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонии пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе мубодилаи афкор сурат гирифт.