ш.Душанбе. 16.12.2020. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Рустами Эмомалӣ ба муҳлати нави чорсола ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе" .доир гардид.
Пас аз суханронии муқаддимавии президенти ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва интихоби мақомоти кории Конфронс фаъолияти Федератсия дар солҳои 2016-2019 дар шакли филм пешкаши иштирокчиёни он гардонда шуд, ки он пурра бозгӯи комёбӣ ва натиҷаҳои фаъолияти Федератсияи футболи меҳан буд.
Дар ҷамъомад Раиси кумитаи молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фарҳод Сайфиддинов оид ба фаъолияти молиявии ФФТ дар чор соли охир ҳисобот дод.
Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов дар навбати худ ҳайати намояндагони Конфронсро бо тағйироту иловаҳои ба Оинномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон воридгардида шинос намуд.
Тибқи рӯзномаи Конфронси ҳисоботӣ-интихоботӣ номзади ягона Рустами Эмомалӣ ба муҳлати нави чорсола ба вазифаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз нав интихоб гардид.
Президенти тозаинтихоби ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳайати иштирокчиёни Конфронс барои боварӣ ва эътимодашон изҳори ташаккур намуд.
«Сарраввал мехоҳам ба ҷомеаи футболи Тоҷикистон барои эҳтирому бовариашон арзи сипос намоям. Вазифаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро бар уҳда доштан бароям масъулияти бузург аст. Итминон дорам, нафароне, ки футбол барояшон арзиши бузург дорад, боз ҳам дучанд заҳмат кашида, дар рушди минбаъдаи футболи кишвар саҳми муносиб мегузоранд. Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар барои дастгириятон ташаккур мегӯям », –изҳор доштанд, муҳтарам Рустами Эмомалӣ.
Раиси Федератсияи Футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронсро ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, дар ин замина таҳияи нақша - чорабиниҳо баҳри баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ, алахусус футболро такозо намуданд.
Бо пешниҳоди Президенти тозаинтихоби ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ Хуршед Мирзо ноиби аввал, Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов ноибони Президенти ФФТ ба муҳлати нави чор сола интихоб шуданд. Ҳамзамон ҳайати Кумитаи Иҷроияи ФФТ ба муҳлати чор соли интихоб гардид.
Мувофиқи таҳрири нави Оинномаи Кумитаи Иҷроияи ФФТ понздаҳ аъзои кумита интихоб гардиданд. Ба ҳайати нави Кумитаи Иҷроияи ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ноибони президент Хуршед Мирзо, Дилшод Ҷӯразода, Алишер Урунов ва ҳамчунин Шоҳрух Саидзода, Аҳтам Абдуллозода, Бароталӣ Ҳамидзода, Фарҳод Сайфиддинов, Фатҳулло Ҷалилов, Раҷаббой Аҳмадзода, Қурбонзода Ҳаким, Анваршо Мирзоев, Раҳмонзода Абдулло, Шариф Назаров ва Нурҷаҳон Исмоилзода шомил гардиданд.