ҶАННИ ИНФАНТИНО БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАРОИ САҲМАШОН ДАР РУШДИ ФУТБОЛ ТАШАККУР МЕГӮЯД

 

ш.Душанбе. 18.12.2020. Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино Рустами Эмомалиро ба муносибати бори дигар ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданашон табрик гуфтанд.

«Президенти муҳтарам, лутфан саломи гарму ҷӯшон ва табрикоти самимии маро ба муносибати дубора интихоб шуданатон ба симмати Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 16 декабр баргузор шуд, қабул кунед. Боварӣ дорам, ки шумо табрикоти маро ба муовинони президент ва дигар аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар якҷоягӣ бо Шумо аз нав интихоб шудаанд, мерасонед.

Ман аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба шумо барои тамоми кӯшишҳову заҳматҳо ва саҳми муҳиматон дар рушди варзиши мо ва таблиғи арзишҳои он дар кишвар ва минтақаи Шумо ташаккур мегӯям. Ман муваффақияти беназирро дар корҳои ояндаи Шумо ва дастаи Шумо таманно дорам. Умедворам, ки минбаъд низ бо Шумо, Президенти муҳтарам барои рушду нумуи футболи Тоҷикистон дар солҳои оянда ҳамкорӣ хоҳам кард», — гуфтааст президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар номаи расмӣ ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»