ш.Душанбе. 18.12.2020. Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро барои дубора ба мансаби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданашон табрик намуд.
«Ҷаноби президент, ман шодам, ки табрикоти шахсӣ ва орзуҳои беҳтарини худро ба муносибати дубора ба мансаби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданатон ба муддати солҳои 2020-2024 дар Конгресси навбатӣ, ки дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, мерасонам. Интихоби Шумо шаҳодати эътимоди футболи тоҷик ба қобилияти Шумост, ки ман онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунам. Ман умедворам, ки дар ояндаи наздик бо Шумо мулоқот хоҳам кард», — омадааст дар номаи расмии президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа.