ш.Душанбе. 21.12.2020. Дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2017 тасдиқ шудааст, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои мудирони шуъба (бахшҳо), сармутахассисон, мутахассисони пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, давоми як ҳафта аз 14 то 19 декабри соли 2020 курси омӯзишии такмили ихтисос аз рӯи барномаи махсуси «Зан сарвар» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор гардид.
Соли сеюм аст, ки бо ташаббуси шаҳрдорӣ чунин курсҳои омӯзишӣ ташкилу баргузор мешаванд, аммо курси навбатӣ аз дигар курсҳо бо он тавофут дошт, ки дар он бори нахуст 56 нафар занону бонувони хизматчии давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва чор ноҳияҳои он, ки дар бахшҳои гуногун кору фаъолият менамоянд, ҷалб карда шуданд.
Пас аз 48 соати машғулиятҳо, ки аз ҷониби олимон, коршиносону мутахассисони варзида гузаронида шуд, шунавандагон аз рӯи барномаи азхуднамуда санҷишҳои тестӣ ва хаттӣ супориданд.
Дар маросими ҷамъбастии курси омӯзишии такмили ихтисос, ки санаи 19 декабри соли 2020 доир гардид, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Акедимияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар гузашта сафи духтарону бонувони кишвар дар идомаи таҳсил дар муассисаҳои олӣ ва чӣ дар самти фаъолият дар корхонаву муассисаҳои давлатӣ кам ба чашм мерасид. Ҳоло дар натиҷаи тавваҷуҳ ба кору фаъолияти бонувон ва ташкили чунин курсҳои омӯзишӣ имрӯз дар кишвар сафи занону духтарон ба таълим дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва фаъолияти онҳо дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ зиёд гардида, таъмини кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занон бештар гардидааст.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории курси мазкур татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд ва амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо мебошад.
Дар фарҷом ба шунавандагони курс аз ҷониби ташаббускорони иқдоми мазкур - мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ гувоҳнома дар хусуси иштироки фаъолонаи шунавандагон дар курси омӯзишии такмили ихтисос аз рӯи барномаи “Зан - сарвар” супорида шуд.
Баъд аз маросими ҷамъбастии курси омӯзишӣ ба шунавандагон – кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он аз ҷониби ҳунармандони Театри намунавӣ-миниатураи "Оина" саҳнаҳои ҷолиби театрӣ намоиш дода шуд.