ИҶЛОСИЯИ ЧОРУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ
ш. Душанбе. 25.12.2020. Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид.
Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои мақомоти иҷроияи марказӣ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳои муассисашон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳрирӣ ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он масъалаҳо "Дар бораи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019", "Иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ", "Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе "Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021", инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардид.
Дар оғози кори иҷлосия, лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019 баррасӣ гардид.
Маҷлиси вакилони халқ қарор кард, ки буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи 2 316 300 000 (ду миллиарду сесаду шонздаҳ миллиону сесад ҳазор) сомонӣ қабул карда шавад. Ҳамчунин ҳисобот оид ба иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019 аз рӯи даромад ба маблағи 2 053 303 587 (ду миллиарду панҷову се миллиону сесаду се ҳазору панҷсаду ҳаштоду ҳафт) сомонӣ ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 1 958 709 766 (як миллиарду нуҳсаду панҷову ҳашт миллиону ҳафтсаду нуҳ ҳазору ҳафтсаду шасту шаш) сомонӣ тасдиқ карда шуд.
Иҷлосия вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳиро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, масъулин ва сохторҳои дахлдорро вазифадор кард, ки ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти корӣ ва соҳибкасб намудани занону ҷавондухтарони хонашин курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии компютер, адрасу атласбофӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, пухту паз ва дигар намуди ҳунарҳои мардумиро дар муассисаҳои давлатии “Ҳунарҳои мардумӣ”-и ноҳияҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ намоянд ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта ҷиҳати бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, хизматрасонии муосир, меҳмондорӣ, омодасозии кадрҳои соҳа мунтаззам курсҳои омӯзишӣ ва семинарҳо ташкил намоянд.
Дар иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2020 ҳисобот дода, вазифаҳоро барои соли 2021 муайян карданд.
Тавре тазаккур дода шуд, новобаста аз таъсири бемории сироятии короновирус (COVID-19) дар ин давра тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд.
Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 10,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 фоиз афзуд ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 19 фоизро ташкил дод.
Дар соли 2020 рушди Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 106 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 105 фоиз, гардиши савдо 103 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 106 фоиз ва боркашонӣ 109 фоиз таъмин гардидааст.
Раиси шаҳр таъкид карданд, ки дар ин давра 33 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 1600 адад ҷойҳои нави корӣ фаъолиятро оғоз намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 800 ҷойи нави корӣ бештар мебошад.
Дар натиҷаи ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳо ва баланд бардошти иқтидорҳои истеҳсолӣ беш аз 24 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҷониби 475 корхонаҳои саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,2 фоизро ташкил дод.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 2020 1,4 миллиард кВт соат энергияи барқ истеҳсоли гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд мебошад. Ба ҳолати 1 декабри соли 2020 дар пойтахт ба 2560 иншоот энергияи гармӣ интиқол дода шуд, ки 101 фоизи иҷрои нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Дар ин робита Раиси шаҳр ба сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки барои пайваст намудани боз 200 бинову иншоот ба шабакаҳои гармидиҳӣ дар давраи зимистони солҳои 2021-2022 таклиф пешниҳод намоянд.
Тавре маълумот дода шуд, дар 4 соли охир 22 муассисаи таълимӣ барои 31 ҳазор ҷойи нишаст дар 2 баст мавриди истифода қарор гирифт. Дар соли 2021, яъне ҷашни 30- солагӣ шумораи бунёди муассисаҳои таълимӣ ба 32 адад ва шумораи ҷойҳои нишаст ба 57 ҳазор дар ду баст расонида мешавад.
Тайи 4 соли гузашта бунёди 23 муассисаҳои томактабӣ барои беш аз 3 ҳазор ҷоий нишаст оғоз гардида, то имрӯз 9 адади он бо 1990 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ин робита, Раиси шаҳр ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои бунёди муассисаҳои томактабӣ бештар соҳибкорон ҷалб карда шуда, таҷрибаи дар ошёнаҳои поёни ҷойгир кардани боғчаҳои кӯдакон минбаъд васеъ роҳандозӣ карда шавад.
Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт ва суръатбахшӣ ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Бо ташаббуси шаҳрдорӣ соли ҷорӣ парки нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе бо 100 адад троллейбусҳои муосири сохти Ҷумҳурии Белоруссия ва 50 адад автобуси тамғаи «AKIA» аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гурдид, ки он ба беҳ гардидани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба аҳолӣ мусоидат кард.
Дар давраи ҳисоботӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар заминаи истгоҳҳои мавҷуда сохтмони 47 адад истгоҳҳои нави замонавӣ анҷом дода шуданд.
Зимни таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи натиҷаҳои фаъолият дар соли ҷорӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вакилони халқро ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар давоми соли ҷорӣ ҷалб намуда, ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони дастгоҳи Раиси шаҳр ва воҳидҳои сохтории дахлдор ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дастуру супоришҳо доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди шаҳр айни замон сохтмони 450 бинову иншооти нави замонавӣ идома дорад. Вале дар соҳаи сохтмони бинову иншоот ҳанӯз камбудиву норасоиҳо ҷой доранд.
Бинобар ин, муовини якум, роҳбарони лоиҳаҳо ва сохторҳои шаҳриро зарур аст, ки дар кори лоиҳаҳо ҷалби бештари ширкатҳои ватании таҷрибадор ва кормандони маҳаллиро таъмин намуда, истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ ва назорати иҷрои корҳоро ҳамарӯза таъмин намоянд.
Дар ин робита Раиси шањр ба сохторҳои масъул супориш доданд, ки барои интихоби ширкатҳои бовиҷдон, ки дар асл таҷрибаи сохтмонӣ ва сифати корҳои хуб доранд, қатъиян корбарӣ намоянд.
Дар ин самт ҷиҳати пешгирии сохтмонҳои худсарона ва ғасби замин сохторҳои марбута ва Кумитаи идораи замини шаҳр муваззаф гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудудҳои заминҳои воридгардида ва ноҳияҳои ҳамшафати шаҳр чораҳои амалӣ андешанд.
Раиси шаҳр аз фаъолияти соҳаи нақлиёт ва бахшҳои он натиҷагирӣ намуда, роҳбарияти соҳа ва корхонаҳои нақлиётиро вазифадор карданд, ки ҷиҳати истифодаи оқилонаи нақлиёти мусофиркашонӣ, солимгардонии корхонаҳои коммуналї ва бартарафкунии камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои заруриро амалӣ созанд.
Зимни баррасии вазъи соҳаи саноат ва энергетика масъулини соҳа муваззаф гардиданд, ки якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми кишвар, яъне саноаткунонии босуръат дар соли 2021 нақшаи мукаммал таҳия намуда, бобати солимгардонии корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоя, махсусан бунёд намудани коргоҳу корхонаҳое, ки ба истеҳсоли молу маҳсулоти ниёзи аввалия ва содиротӣ нигаронида шудаанд, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Бо мақсади сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва пешгирии ҳолатҳои дуздӣ, махсусан дар давраи зимистонгузаронӣ дастур дода шуд, ки муовини соҳавӣ якҷо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ ҳарчи зудтар гуруҳои корӣ созмон дода, корҳои санҷишию фаҳмондадиҳиро ҳамарӯза дар шаҳр роҳандозӣ намоянд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баррасии натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ ба муовини соҳавӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳр ва сохторҳои дахлдор нақшаи чорабиниҳои зуруриро таҳия ва пешниҳод намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва амалсозии барномаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар робита ба пурзӯр намудани чорабиниҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус "КОВИД-19" Раиси шаҳр ба масъулини соҳаи тандурустӣ супориш доданд, ки ҷиҳати захира намудани маводҳои доруворӣ, ниқобҳои тиббӣ, либосҳои муҳофизатӣ, маводҳои беҳдоштию безараргардонӣ, маҳлулҳо барои ташхис ва дигар лавозимотҳои зарурӣ мунтазам тадбирҳо роҳандозӣ намуда, тарғибу ташвиқи риояи беҳдоштӣ минбаъд низ вусъат бахшида шавад.
Раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки дар асоси Қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 28 сентябри соли 2018 шаҳри Душанбе "Пойтахти фарҳангии Иттиҳод" дар соли 2021 эълон карда шудааст. Бинобар ин, масъулини соҳаҳои марбутаро уҳдадор карданд, ки ҷиҳати муаррифии пойтахт ҳамчун оинаи миллат нақша-чорабиниҳои мушаххасро таҳия намуда, гузаронидани чорабиниҳои илмию фарҳангиро дар соли 2021 амалӣ карда, тавассути воситаҳои ахбори омма инъикоси васеъи онро таъмин намоянд.
Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ дар шаҳри Душанбе муовини якум, муовинони раис ва раисони ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки мунтазам дар тамоми шаҳраку маҳалла, корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ шанбегиҳо ташкил намуда, ҷиҳати таъмини тозагиву ободӣ, сарзабсиву хуррамӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмини техникаҳои муосири партовкашонӣ ва пурра фаро гирифтани муштариён бо шартномабандӣ тадбирҳо андешида, дар соли 2021 ба солимгардонии корхонаҳои партовкашонӣ аҳамияти ҷиддӣ равона намоянд.
Дар робита ба пешгирӣ ва бартараф кардани ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дастур гирифтанд, ки сабабу омилҳои онҳоро ба таври амиқ таҳлил намуда, дар ин самт чораҳои зарурии мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Раиси шаҳр ба масъулини марбута дастур доданд, ки бо ҷалби соҳибкорони саховатпеша дар арафи Соли нави мелодӣ аз аҳволи беморону маъюбон дидан карда, ба ятимону шахсони эҳтиёҷманд кумаки моддӣ расонанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ карданд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Душанбе ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии истиқлолияти давлатиро бо корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ, нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри пешрафт ва ободии имрӯзу фардои пойтахти давлати соҳибистиқлоламон истиқбол мегиранд.
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабул намудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Вобаста ба фарорасии Соли нави мелодӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кулли сокинони пойтахтро табрику таҳният гуфта, ба ҳар як фарди ҷомеа саломатӣ, рӯзгори ободу осуда, зиндагии хушу гуворо ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу субот ва гулгулшукуфоиро таманно карданд.
Бо ҳамин иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.