ш.Душанбе 22.01.2021. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити дар он фароҳамгардида шинос шуданд.
Иншоот дар доираи сохтмони навбати 2-юми бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бунёд гардида, аз таҳхона, 12 ошёна ва 207 ҳуҷраи хоб барои донишҷӯён иборат буда, дар маҷмӯъ барои бештар аз ҳазор нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳаи бинои хуштарҳу замонавии хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмию лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии “САНИИОСП” таҳия гардида, дар масоҳати 8 ҳазору 808 метри мураббаъ қомат афрохтаст.
Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, дар бино барои донишҷӯён шароити муосири истиқомат фароҳам гардидааст.
Хобгоҳ ҳамзамон аз ошхона, ҳуҷраҳои маъмурият, нуқтаи тиббӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 6 марти соли 2015 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд.
Дар бинои нави хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат барои донишҷӯён синфхонаи компютерӣ, толорҳои дарстайёркунӣ, ҷойи истироҳат, хонаҳои либосивазкунӣ ва нуқтаи хӯроктайёркунӣ таъсис дода шудааст.
Дар маҷмӯъ ҳар як ошёнаи хобгоҳ дорои толор барои дарстайёркунӣ ва ошхона, ҳаммом ва дигар утоқҳои зарурӣ мебошад.
Дар бинои нав ҳамзамон дар асоси лоиҳа лифт насб карда шуда, дар байни ошёнаҳои он се адад зинапояҳои оҳану бетонии зиддисӯхтор сохта шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон феълан дорои 8 хобгоҳ буда, дар онҳо баробари дигар шароити мусоид ҷиҳати касбомӯзии донишҷӯён як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ карда шудаанд.
Бинои хобгоҳи рақами 6-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки донишҷӯён ба истифода дода шудааст, дорои китобхона, синфхонаи компютерӣ ва сехи дӯзандагӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки донишҷӯён баробари омӯзиши илмҳои муосир бо истифода аз шароити фароҳамгардида ҳамзамон метавонанд касбҳои гуногунро дар хобгоҳҳои донишгоҳ аз худ намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити мусоиди фароҳамгардида барои донишҷӯён дар шафати хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои оғози корҳои сохтмони боз ду бинои нави хобгоҳ, қисмҳои “Б” ва “В” асос гузоштанд.
Дар асоси лоиҳа қисмҳои “Б” ва “В”-и хобгоҳ барои 2476 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардида, дар масоҳати 25 ҳазору 616 метри мураббаъ сохта мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи биноҳои нави хобгоҳҳои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи масъулонро ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани иншоот ҷалб намуданд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имконоти мавҷуда барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии донишҷӯёни шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар шаҳри Душанбе тамоми тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ баробари бунёд ва таъмиру навсозии биноҳои муосири таълимӣ ҳамзамон барои донишҷӯён дар пойтахти мамлакат хобгоҳҳои замонавӣ ба истифода дода шудаанд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат буда, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ барои беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти донишҷӯён дар он дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Президенти мамлакат шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ҷиҳати истифодаи пурра аз шароити фароҳамгардида ва ба роҳ мондани курсҳои забономӯзию касбу ҳунарҳои муосир барои донишҷӯён дар хобгоҳҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.