НИШАСТИ МАТБУОТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

Имрўз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Самӣ Шариф иштирок варзида, роҷеъ ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи И.Сомонӣ маълумоти муфассал пешкаш намуд.

 Тавре иттилоъ дода шуд, ки дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, пайвастшавии 500 адад биною иншоотҳои ҳудуди ноҳия ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказ ба нақша гирифта шудааст. Бар замми ин, дар ноҳия 13 муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ амал мекунанд, ки айни ҳол ду беморхонаи кўдакона аз ҳисоби буҷети ноҳия маблағгузорӣ карда мешаванд ва дар ин муассисаҳо таҷҳизоти аввалиндараҷаи табобатӣ, доруворӣ ва дигар шароити лозимӣ дар муассисаҳои соҳа таъмин карда шудааст. Ҳамзамон, баҳри ҳавасманд гардонидани варзишгарон бо қарори дахлдор стипендияи раиси ноҳия барои 10 нафар муайян карда шудааст, ки дар ҷамъбасти сол ба маблағи 2400 сомонӣ ба ҳар яки онҳо, дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Инчунин ба масъалаи муҳими корҳои ободонии пойтахт, боғу гулгаштҳо, кўчаву хиёбонҳо, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ дар ноҳияи И. Сомонӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад, гуфта шуд зимни нишасти матбуотӣ. Ҳамин тавр, нишасти матбуотӣ бо суолу посухҳои мушаххас сурат гирифта, рўзноманигорон бо пешниҳоду андешаҳои ҷолиб роҷеъ ба масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.

 


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»