24.02.2021 ш. Душанбе. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2021, №97 нақшаи чорабиниҳои тарғиботӣ-идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ ба тасвиб расидааст.
Санаи 24 феврлаи соли ҷорӣ мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ - идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобили Хушвахт иштирок ва роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ баромад намуданд.
Бояд гуфт, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инчунин вобаста ба масъалаҳои муҳими ҳаёти мардуми пойтахт, аз ҷумла масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии амалҳои исрофкорӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фуруғи маърифат”, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - ватани азизи ман”, тарғиби ҳадафҳои ободониву сабзгардонӣ, арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, иштироки сокинон дар корҳои созандагӣ, маҳкум намудани зуҳуроти номатлуби ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, истифодаи оқилонаву сарфакоронаи оби нӯшокӣ ва нерӯи барқ андешаронӣ карда, донишҷӯёну устодонро ба саҳмгузорӣ дар баргузории тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе доир мегарданд, даъват намуданд.