ҲИФЗ ВА ТАРҒИБИ ДАСТОВАРДҲОИ 30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

 

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2021, №97 нақша-чорабиниҳои тарғиботӣ-идеологии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ ба тасвиб расида, дар робита ба он дар сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ нишастҳои судманд доир мегарданд.

 Дар робита ба ин, санаи 02.03.2021 мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ - идеологии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе М. М. Муинӣ, мудири шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷ.Олимов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ф.Солеҳов, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Ш.Раҳимзода, директори МД «Телевизиони Душанбе» С.Рауфзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Д. Ҷамшед иштирок карда бо донишҷӯёни ДМТ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Қаблан меҳмонон бо роҳбарии ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. аз Осорхонаи Пешвои миллат ва Маркази инноватсионии донишгоҳ, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, дидан намуданд. Дар оғози вохӯрӣ Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба муҳиммияти мавзӯи нишаст ва нуктаҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат, инчунин, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ баромад намуданд.

 Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ роҷеъ ба иқдомҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин, вобаста ба масъалаҳои муҳими ҳаёти мардуми пойтахт, аз ҷумла масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии амалҳои исрофкорӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-ватани азизи ман”, тарғиби ҳадафҳои ободониву сабзгардонӣ, арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, иштироки сокинон дар корҳои созандагӣ, маҳкум намудани зуҳуроти номатлуби ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, истифодаи оқилонаву сарфакоронаи оби нӯшокӣ ва нерӯи барқ суханронӣ карда, устодону донишҷӯёнро ба саҳмгузорӣ дар баргузории тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе доир мегарданд, даъват намуданд.

 Дар идомаи вохӯрӣ Ҷамшед Олимов - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Рауфзода Сӯҳроб - директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» оид ба масъалаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, худдорӣ аз амалҳои ифротӣ ва тақвият додани зиракии сиёсӣ, нақши ҷавонон дар пойдории сулҳу суботи сиёсӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуданд.

 


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»