Дар бораи ҷудо намудани маблағ
Бо мақсади ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва занони собиқадору фаъол дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ бахшида ба Рўзи Модар ва Иди байналмилалии «Наврўз», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 3 633 450 (се миллиону шашсаду сиву се ҳазору чорсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷиҳати ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳрӣ, бонувон, кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва барои гузаронидани барномаи фарҳангӣ мутобиқи замимаҳои № 1 ва 2 ҷудо намояд.
Муовинони Раиси шаҳри Душанбе – сарпарасти ноҳияҳо якҷоя бо раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе то 6 марти соли 2021 ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағҳои ҷудошуда ва туҳфаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.