ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” БАХШИДА БА РӮЗИ ПОЙТАХТ

-900010.03.2021 ш. Душанбе. Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе "Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд миёни кормандони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе", имрӯз дар майдончаҳои варзишии Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур баргузор гардид. Дар оғоз муовини Раиси Душанбе Мавсума Муинӣ ба иштирокчиёни мусобиқа барору муваффақият таманно намуда, доир ба иқдомҳои наҷибу варзишдӯстонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сухан карданд. Мавсуф қайд намуданд, ки имрӯз дарҳои садҳо майдончаҳои варзишии мувофиқ ба талаботи имрӯза дар шаҳр барои дӯстдорони футбол бозанд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин ташвиқ, тарғиб ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, рушди футбол ва сазовору хотирмон таҷлил намудани Рӯзи пойтахт мебошад. Мусобиқаи мазкур соли панҷум аст, ки доир мегардад ва сол то сол сафи иштирокчиёни он меафзояд. Имсол зиёда аз 80 даста, аз вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо иштироки фаъол доранд. Теъдоди иштирокдорон нисбат ба соли гузашта 20 дастаи дигар зиёд мебошад. Дастаҳо ба 8 гурӯҳ ҷудо карда шуда, давоми зиёда аз як моҳ барои ҷойҳои ифтихорӣ ва дарёфти ҷоизаи асосӣ - "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" рақобат хоҳанд кард. Ғолибони мусобиқа дар арафаи Рӯзи пойтахт муайян карда шуда, бо мукофотҳои пулӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ хоҳанд шуд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»