ш.Душанбе. 17.03.2021. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ “Саноатӣ”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов, ноҳияи Сино баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тазаккур бояд дод, ки санаи 9 марти соли 2017 Созишномаи мубодилаи ёддоштҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҷопон ба тасвиб расонида шуда, дар асоси созишномаи мазкур 30 июли соли 2017 Созишномаи Грантӣ барои азнавсозии зеристгоҳи барқии “Саноатӣ” ва сохтмони зеристгоҳи барқии нав 110/35/10кВ “Пойтахт” бо арзиши умумии 21млн.доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
Корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчии генералӣ “Нишизава” ва зерпудратчӣ ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд. Дар рафти азнавсозии ду адад трансформатори 25 МВА ба трансформатори 40 МВА-ро иваз карда, сохтори тақсимотии 35 кВ ва сохтори тақсимотии 10 кВ иборат аз 47 чашмакҳои намуди замони муосир иваз намуданд.
Айни ҳол зеристгоҳ минтақаи саноатӣ ва ањолии кӯчаҳои Ҷ. Расулов, С. Шерозӣ, Асадулло Ғуломов, Маяковский ва маҳаллаҳои Роҳи нав, Меҳнатобод, Арбобхотум, Н. Ганҷавӣ ва ғайраҳоро бо барқ таъмин намуда, хароҷоти шабонарӯзии зеристгоҳ дар фасли зимистон 540 000 кВт*ст-ро ташкил медиҳад. Зеристгоҳи мазкур 18 480 муштариро бо барқ таъмин менамояд, ки аз ин шумора 17 480 муштарии маишӣ буда, боқимонда корхонаҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ мебошанд.
Баъд аз таҷдиди зеристгоҳ ва таъмини он бо таҷҳизотҳои барқии муосир, шумораи садамаҳои технологӣ нисбат ба солҳои 2017 3 маротиба кам гашта, сифати таъминоти барқ низ беҳтар ва сарфи технологии барқ нисбат ба соли 2017 ба миқдори 1,4% кам шудааст.
Бояд зикр намуд, ки бори аввал дар зеристгоҳи барқии мазкур сохтори тақсимотии 10 кВ-и дуқабата бо воситаҳои ҳимояи микропротсессорӣ ва кори фоиданокиашон баланд дар истифода қарор дода шудааст, ки хизматрасониашон осон ва қуллай мебошанд.
Ин ҳама пешравиҳо дар соҳаи рушди энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ, бевосита бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гашта истодаанд.