ДУШАНБЕ - ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИТТИҲОД-2021

 

ш.Душанбе. 21.03.2021. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар оғози барнома муовини Раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” суханронӣ намуда, Сертификати эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориданд.

 Баъд аз қабули Сертификат Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ва меҳмонону иштирокдорони барномаи мазкурро барои ташрифашон ба пойтахти азизу маҳбуби Тоҷикистон- шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, барои интихобу эълон намудани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” ба роҳбарону масъулини барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” сипосгузорӣ намуданд.

 Ба муносибати эълон гардидани Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳод баҳри болидахотирӣ дастагули мусиқӣ иборат аз суруду таронаҳои дилангез, ки аз ҷониби устодони санъати мамлакат ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил омода шуда буд, пешкаши меҳмонону иштирокдорони барнома гардонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод”, яке аз лоиҳаҳои калидии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими ҳар чӣ бештари зарфиятҳои фарҳангии давлатҳои мазкур ҳамчун майдони зеҳнию эҷодӣ, ғояи фазои ягонагии фарҳангӣ ва гуфтугўи тамаддунҳо роҳандозӣ карда шудааст.
Бо ҳамин чорабиниҳои вобаста ба эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” расман оғоз гардиданд.

 


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»