ҶАШНИ НАВРӮЗИ НЕКПАЙ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

ш.Душанбе. 22.03.2021 Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе як силсила чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир карда шуданд. Пойтахти кишвар шаҳри Душанбе барои истиқболи шоиста аз ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2021» ба таври идона ороста шуда, ба ин муносибат тамоми кӯчаю хиёбон, маҳаллаву шаҳрак ва ҳар як хонадони пойтахт ҳамаҷониба омодагӣ гирифта буданд. Шиору овезаҳои наврӯзӣ аз фармудаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо байту гуфтаҳои шоирону мутафаккирон ба ҳусни шаҳр намои тоза зам намудаанд.
Мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз, ин таҷассуми гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадими миллати тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури оммавӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату якпорчагӣ, суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад.
Дар ҳошияи тантанаҳои наврӯзӣ, дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Ҳамзамон дар доираи чорабинии мазкур, меҳмонон дар сеюмин фестивали байналмилалии “Наврӯз - мероси фарҳангӣ - сайёҳӣ” дар боғи Ирам ширкат варзиданд.
Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ субҳи 21 март масъулин ва сокинони чаҳор ноҳияи пойтахт дар базмгоҳҳои наврӯзӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ оғози Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯзро бо назардошти расму оини мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.
Сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Боғи “Куруши Кабир”, ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ ва ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт оғози Соли нав - Наврӯзи хуҷастароро ботантана таҷлил намуданд.
Дар ҷараёни тантанаҳои наврӯзӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ба мардуми шарифи кишвар расонданд. Дар ин рӯз дар ҳамаи базмгоҳҳои наврӯзӣ ва Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор шуд. Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик тайи даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо баҳри пешравиҳо бештар инъикос гардида, бо рамзи пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ ба сардӣ таҷҷасум ёфтанд. Шукургузорӣ аз истиқлолият, давлатдории миллӣ, қадамҳои устувор дар ҷодаи эъмори давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ асоси муҳтавои барномаҳои идонаи наврӯзиро ташкил доданд.
Ҳамчунин, санаи 22 март дар пойтахт маросими ифтитоҳи Форуми II байналмилалии “Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар форуми мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Яке аз рамзҳои Наврӯз баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзиши миллӣ ба шумор меравад. Дар ин робита бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ рӯзҳои 20-21 март дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" мусобиқаи гӯштингирон бо иштироки паҳлавонони номӣ ва варзишгарони ҷавон баргузор гардид. Ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадурукоти ҷашн қадрдонӣ шуданд.
Ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз рӯзи 24 март дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе мусобиқаи варзиши пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2021» бо ҷалби беҳтарин варзишгарон, аспсаворон аз корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир мегардад.
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукӯҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси баланди ифтихор аз ватандорию шукуфоии кишвар, арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгону шукургузории сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди худшиносию меҳанпарастии кулли сокинони мамлакат сурат гирифт.

 


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»