ҶАМЪБАСТИ ҶОМИ "ПОЙТАХТ-2021" ОИД БА ПОЙГАИ АСПДАВОНӢ

 

ш.Душанбе. 24.03.2021. Имрӯз бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 марти соли 2021, №148 оид ба баргузор намудани мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ва мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2021» дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ баргузор карда шуд. Бояд гуфт, ки аспдавонӣ бозии варзишии миллӣ буда, дар ҳар иду ҷашнвораҳо баргузор карда мешавад. Махсусан дар рӯзҳои баргузории ҷашни Наврӯз, ки бо гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои идона ин ҷашнвораро боз ҳам зебо мегардонад, ин навъи варзиш доир карда мешавад. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз хоҷагиҳои асппарварии ҷамъятию хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Ҳамзамон, дар мусобиқа варзишгарони (жокей) аз 16 сола боло ва аспҳои 2 сола, 3 сола, 4 сола ва аз 4 сола боло миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқа тибқи қоидаҳои муқарраргардидаи Федератсияи «Пойга ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 8 марҳила, аз рўи масофа, зот ва соли аспҳо гузаронида шуд, ки қоидаҳо барои иштирокчиён чунин буданд:

Пойгаи аспҳои 2 солаи зоти тоҷикӣ дар масофаи 1000 метр;
Пойгаи омехтаи аспҳои зоти тоҷикӣ дар масофаи 1600 метр;
Пойгаи аспҳои 3 солаи зоти тоҷикӣ дар масофаи 1600 метр;
Пойгаи аспҳои аз 3 сола болои зоти ахалтекинӣ дар масофаи 1600 метр,
Пойгаи аспҳои аз 4 сола болои зоти ахалтекинӣ дар масофаи 2000 метр,
Пойгаи аспҳои 4 солаи зоти тоҷикӣ дар масофаи 2000 метр;
Пойгаи аспҳои 4 солаи зоти англисӣ дар масофаи 2000 метр;
Пойгаи аспҳои 4 солаи зоти англисӣ дар масофаи 2000 метр.
Ғолибони мусобиқаи мазкур бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Қайд бояд кард, ки бахшида ба Иди байналмилалии Нарӯз бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, муаррифии паҳлавонон ва ҳавасмандгардонии онҳо, ҳамасола дар тамоми гӯшаву канори мамлакат чунин чорабиниҳои варзишӣ бо шукӯҳу шаҳомат ва дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»