30.03.2021. ш.Душанбе. Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мулоқоти гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо устодону шогирдони ин муассисаи олии кишвар баргузор гардид.
Вохӯриро бо суханони ифтитоҳӣ муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба мақсаду маром ва ҳадафи суҳбату вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ андешаҳои хешро иброз намуд.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ Муинзода суханронӣ, бо овардани далелу аснодҳо аз нуктаҳои муҳиму созандаи Паёми Пешвои муаззами миллат, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳаёти рӯзмарра, ободониву сабзгардонӣ дар чаҳор навоҳии пойтахт, масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии амалҳои исрофкорӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тарғиби ҳадафҳои арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон ва дигар масъалаҳои марбут ба пешрафти ҷомеа муфассал мулоҳизаронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки новобаста аз пандемияи «Ковид - 19», ки соли гузашта саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистони моро низ фаро гирифта буд, халқи Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, зикр гардид, ки соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Танҳо соли 2020 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Суҳбату мулоқот ва вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт ҳамарӯза идома доранд.