РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ПОЙТАХТ

 

31.03.2021 ш.Душанбе. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат, хоса пойтахти он шаҳри Душанбе раванди тадбирҳои ободонӣ бо суръат идома доранд.
Вобаста ба он Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 22 майи соли 2018, № АП-1059 доир ба рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 октябри соли 2019, №599 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021» ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба пешвози ин санаи муҳим дар шаҳри Душанбе таҳия гардид.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма, кушодашавии ду иншооти ҷашнӣ дар ҳудуди ноҳияи И. Сомонӣ баргузор гардиданд.
Бинои истиқоматии баландошёна бо ҷойгиронии маркази савдою хизматрасонӣ воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзодаи пойтахт, ки аз тарафи ҶДММ «Сомонсайр» сохта шудааст, ҳамзамон бинои истиқоматии бисёрошёна бо ҷойгиронии маркази савдою хизматрасонӣ иборат аз 6 блок, воқеъ дар кӯчаи Қ. Раҳимов-46, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ С. Сайфуров сохта ба истифода дода шудааст, бо тарҳу услуби замонавӣ ва шароити хос бунёд гардидааст.
Ба истифода додани чунин иншоотҳо, ғайр аз он ки сокинонро бо биноҳои истиқоматӣ таъмин менамоянд, ҳамчунин бо ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»