ДАВРИИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

 

02.04.2021. ш.Душанбе. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи бандҳои 20 ва 22 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30 декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст, озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ба роҳ монда шуд.
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» ғолибони даври шаҳрии озмун муайян гардиданд.
Дар озмуни мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе - Муинӣ Мавсума Муинзода, муовини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Заррина Абдулмаинзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - Заррина Зуҳурова ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Қайд бояд кард, ки мақсад аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худошноӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.
Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» аз се давр иборат буда, даври аввали он дар ҷамоатҳои деҳот, шаҳрак, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаҳои ҷашни “Рӯзи Модар” ва Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Даври дуюми озмун бошад, дар марказҳои вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳри Душанбе доир карда шуданд.
Дар даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла, дар пӯхту пази якчанд навъ таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони чаҳор навоҳии пойтахт аз рӯйи номинатсияҳои: ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёҳои болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуоногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.
Даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин»-ро муовини Раиси шаҳри Душанбе - Муинӣ Мавсума Муинзода, муовини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Заррина Абдулмаинзода, ҷамъбаст намуда, ғолибонро муаррифӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, ҷойи аввалро Суман Сафаралиева аз ноҳияи Сино, ҷойи дуввумро Шабистон Гунгакова аз ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷойи сеюмро Чаман Раҳимова аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ишғол намуда, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, дигар иштирокчиён, ки дар даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» фаъолона ширкат доштанд, бо ифтихорнома ва сипономаҳо сарфароз гардонида шуданд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»