ш.Душанбе. 16.04.2021. Имрӯз дар Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон маросими рӯнамои китоби дуюми "Душанбе қалби Тоҷикистон" доир гардид. Китоб ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он дастовардҳои шаҳрдории пойтахт таи солҳои соҳибистиқлолӣ инъикос гардидааст. Китоб бозгӯи иқдомоти созандаву бунёдкоронаи шаҳрдори имрӯза буда, ифодагари хидматҳои бесобиқаву арзандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад, ки хонандаро бо бурду бохт ва дастовардҳои наҷибу созанда дар зарфи ду-соли охир ошно месозад, ки дар он шахсиятҳои барӯманду маъруф афкору андешаҳои худро бо меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба ин падидаҳои ҷадиди пойтахт ба вуқӯъ пайваста ба қалам додаанд. Чорабинӣ таҳти раёсати Президенти Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ сурат гирифта, дар он олимону сиёсатмадорони маъруфи кишвар, фаъолони пойтахт оид ба паҳлӯҳои алоҳидаи он изҳори ақида намуданд. Тавре таъкид гардид, Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрест дар оғӯши доманакӯҳҳои сабзу хуррам ва паҳнои водии рӯдхонаҳои хурӯшон, дар муҳити барои зиндагӣ хеле созгору писандида, ки ба василаи роҳҳои мошингард, оҳан ва ҳавоӣ тамоми гӯшаву канори мамлакатро ба ҳам мепайвандад. Дарвозаҳои бошукӯҳ дар чаҳор самти пойтахт нишони суннатҳои шаҳрсозӣ ва низоми устувори шаҳрдорӣ, сифатҳои наҷиби инсондӯстӣ, бародарӣ ва меҳмоннавозии сокинони шаҳррро таҷассум менамоянд. Бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе бунёди маҷмааву кохҳои меъморию фарҳангӣ, хиёбону кӯчаҳои васеи мумфарши бисёрқабата, корхонаҳои азими саноатӣ, муассисаҳои маърифатию илмӣ ва адабӣ Душанберо ба яке аз шаҳрҳои пуршукӯҳи ҷаҳони муосир табдил додаанд. Душанбеи имрӯза шаҳри рушдкунандаи индустриалӣ буда, дорои 450 корхонаи саноатӣ мебошад, ки аксар соҳаҳои иқтисодиётро фаро мегиранд. Дар китоб ҷараёни бунёд ва ифтитоҳи як силсила иншооти ҳаётан муҳимми шаҳри Душанбе ва лаҳзаҳо аз рӯйдоду навидҳои фараҳбахши пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯйи чоп омада, бо аксҳои зебои ранга оро дода шудаанд. Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар китоб ҳамчун маркази бузурги маънавиёт, илму маърифат ва хизматрасонӣ, дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматии баландошёнаи бо санъати баланди меъморӣ бунёдгардида, макони ободониву сабзкорӣ, тозагиву зебоӣ ва одоби баланди муошират қаламдод гардидааст. Фикру андешаҳои ходимони давлатию ҷамъиятӣ, олимону пажӯҳишгарон, адибону рӯзноманигорон ва собиқадорони меҳнат оид ба дастовардҳои шаҳри Душанбе тӯли солҳои охир, иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бунёду азнавсозиҳои пойтахт махсус дарҷ гардидааст. Мардуми сарбаланду ватандӯсти Душанбе якҷоя бо Раиси ҷавону кордон ва нексиришт анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти он саҳми босазои хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ва маданиву маишӣ ба ҳусни ин зебошаҳри ҷаҳон ҷилову шаҳомати тоза зам мекунанд. Муаллифи китоб собиқадори пойтахт Мирзоамин Мирсаидзода буда, дар таҳияи он академикҳои Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон - Абдуҷаббор Раҳмонзода, Фарҳод Раҳимӣ, номзади илмҳои таърих Муинӣ Мавсума саҳм гузоштаанд. Рӯнамои китоби мазкур дар остонаи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе сурат гирифта, он туҳфаи арзандаест ба сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат.