ҶАШНИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПОЙТАХТ

 

ш.Душанбе. 17.04.2021. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар майдони 800-солагии Москва чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе”, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид.
Сараввал сокинону меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ ва сайёҳӣ, ки дар саҳни майдони 800-солагии Москва аз ҷониби ҳунармандони ноҳияҳои пойтахт омода шуда буд, дидан намуда, ба косибону ҳунармандон ҷиҳати омодасозии маҳсулоти ҳунармандӣ, аз қабили сӯзанидӯзиву попурзанӣ, чакану гулдӯзӣ, сангтарошиву шишабандӣ, кулолгариву мисгарӣ баҳои баланд доданд.
Дар оғози чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Қурбонзода Амирхон баромад намуда, иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам ва бо Рӯзи пойтахт муборакбод намуд.
Зикр шуд, ки ба шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи самарабахши Раиси шаҳри Душанбе пойтахти Ватани азизи мо - шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст.
Бо мақсади таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи пойтахт, аз ҷумла ҷиҳати беҳбуд бахшидани ҳолати инфрасохтор, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, таъминот бо воситаҳои нақлиёти муосири ҷамъиятӣ, таҷдиду барқарорсозӣ ва иваз намудани зеристгоҳҳои барқӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ то имрӯз дар ҳамбастагӣ ва бо дастгирии бевоситаи сокинони пойтахт корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои касбии соҳавӣ, ки то имруз гузаронида шудаанд, ҷоизаҳои шаҳрдорӣ супорида шуд.
Нахуст туҳфаҳои хотиравии арзишнок ва дипломҳо аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе-2021 дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Сипас ғолибони озмуни соҳаи маориф ҳавасманд гардонида шуда, дар ин росто мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №132-и ноҳияи Сино Неъматзода Шаҳло ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол - 2020» дониста шуда, бо маблағи 10 000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардид.
Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабони озмуни “Омӯзгори сол-2020”, омӯзгори фанни химияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Зумратов Азизбек ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуда, соҳиби 10 000 сомонӣ ва диплом гардид.
Дар озмуни «Хонандаи сол» бошад, ҷоиза дар ҳаҷми 6 000 сомонӣ ва диплом ба хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин супорида шуд.
Дар вазъияти тантанавӣ ғолибони озмунҳои касбии соҳаҳои тандурустии шаҳри Душанбе “Беморхонаи сол”, “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол”, “Табиби сол”, “Табиби оилавии сол” ва “Корманди миёнаи тибби сол” ҳавасманд гардиданд.
Дар ин бахш коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ” ғолиби озмуни “Беморхонаи сол” дониста шуда, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.
Коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шањрии №13” ғолиби озмуни “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол” эълон гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби сол” - Хоҷаев Фирдавс – табиби љарроњи Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шањрии №15”, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби оилавии сол” - Абдуллоева Шоира – табиби оилавии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шањрии №15” бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва Азизова Хуршеда – ҳамшираи тиббии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ғолиби озмуни “Корманди миёнаи тибби сол” эълон гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Фаъолияти самрабахши кормандони соҳаи нақлиёти пойтахт низ натиҷагирӣ карда шуда, дар озмуни «Беҳтарин корхонаи нақлиётӣ» Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»-и шаҳри Душанбе мақоми аввал ва соҳиби 5000 сомонӣ, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Талко Персия» зинаи дуюм соҳиби 3000 сомонӣ ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Беҳруз-15» ҷойи сеюм ва соҳиби 2000 сомонӣ гардиданд.
Ғолиби озмуни «Беҳтарин ронанда» Қурбонов Бобоҷон Назарович - Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2»-и шаҳри Душанбе дониста шуда бо 3000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардид. Зинаи дуюм насиби Ҳамидов Талабшоҳ Фатҳуддинович - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сорбон-14» гардида сазовори 2000 сомонӣ ва диплом дониста шуд. Мақоми сеюмро дар озмуни мазкур Ҳалимов Акбар Абдусаломович - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Саёҳон» касб кард ва бо 1000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардонида шуд.
Сипас аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба 170 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели соли 2021, № ҳамчун барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2020 – 2021 муайян шудаанд, ба ҳар кадоме маблағ барои 9 моҳи соли хониш дар ҳаҷми 2700 сомонӣ ва шаҳодатномаҳо тақдим карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи пойтахт, устодони ҳунар ва эҷодкорони ҷавони санъати кишвар бо барномаи калони фарҳангӣ иборат аз дастагули суруду мусиқӣ табъи иштирокчиёни ҷамъомади идонаро болида гардониданд.
Воқеан ҳам имрӯзҳо пойтахти Ватани азизи мо - шаҳри орзуву умедҳо Душанбеи зебоманзар, ки таҷассумгари симои давлату миллати мо маҳсуб меёбад, ба ифтихори Рӯзи пойтахт либоси идона ба бар карда, боз ҳам зебову дилработар гардидааст.
Лозим ба зикр аст, ки пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе дар асоси қарори Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил аз 28 сентябри соли 2018 дар соли 2021 ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳод ва дар асоси қарори Шӯрои вазирони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ аз 3 октябри соли 2019 дар соли 2021 пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои СҲИ эълон гардидааст.
Душанбеи имрӯза, воқеан ҳам, ифодагари симои аслии давлату миллати кӯҳанбунёди мо буда, дар радифи шаҳрҳои зебоманзари ҷаҳон мавқеи хосаро касб кардааст.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»