КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ЗАН-САРЧАШМАИ ЗИНДАГӢ"

 

ш. Душанбе 28.05.2021. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Зан-сарчашмаи зиндагӣ» баргузор гардид.
Дар кори Конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, олимону коршиносони ватанию хориҷӣ, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, иштирок намуданд.
Кори конференсияро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ҳусни ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки зан дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби давлату ҳукумат дастгирии ҳамаҷониба мегирад, дастрасии васеъ ба таҳсилот, болоравии фарҳангӣ ва идеологӣ, ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва башардӯстона дорад.
Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирокчиёни конференсияро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам намуда, ҳадафи баргузории конфронсро муҳокимаву баррасии масъалаҳои марбут ба ҳолат, ҷойгоҳ ва нақши кунунӣ, дараҷаи иштироки гуногуни занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсии давлат ва ҷомеа маънидод намуд.
Қайд гардид, ки тайи сӣ соли истиқлоли давлатӣ занону бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон хизмат карда истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар ба фаъолияти занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар баҳои баланд дода, саҳми арзандаашонро дар таъмини пешрафти давлат, ободии Ватан ва сулҳу субот махсус таъкид намудаанд.
Лозим ба зикр аст, ки кори Конференсия тариқи маҷозӣ сурат гирифта, дар он намояндаи Федератсияи Россия дар Шӯрои ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои ИДМ Швыдкой Михаил Ефимович ва дигар олимону коршиносон аз Озорбойҷон, Украина, Ҷумҳурии Халқии Хитой суханронӣ намуданд.
Коршиносон нақши давлат ва мақомоти дахлдорро дар таҳкими вазъи духтарон ва занон, дастгирии онҳоро тибқи барномаҳо ва лоиҳаҳои мақсадноки давлатӣ, квотаҳо ва грантҳо, ки ба афзоиши маърифатӣ, роҳбарӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии занон ва духтарон нигаронида шудаанд, шарҳ доданд. Олимон ва коршиносон дар конфронс таъкид намуданд, ки бо дастгирии доимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои гендерӣ, иштироки духтарон ва заноне, ки маълумоти олӣ гирифтаанд квота натанҳо дар кишвар, балки дар кишварҳои ИДМ низ хеле афзудааст.
Тарғиби дастовардҳои занони олим, дастгирии саъю кӯшиши духтарон ва занон дар самти азхудкунии дониш ва маърифат дар солҳои истиқлолият, ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявии онҳо, иштироки онҳо дар таҳқиқоти илмӣ дар тамоми соҳаҳои илм ва сатҳҳои баландтари таҳсилот дар кишвар ба тадриҷ афзудааст.
Инчунин, коршиносон дар баромадҳои хеш ба ҷанбаҳои муҳимтарини татбиқи сиёсати гендерӣ, механизмҳои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва давлат, дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, таҳия ва ҳалли масъалаҳои мубрами давлат дахл карданд.
Иштирокчиёни конфронс дастгирии васеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз барномаи гендерии давлат, ки ба эҷоди симои муосир, баланд бардоштани фарҳанг ва соҳибихтисоси зан нигаронида шудааст, қайд карданд ва барои дастгирӣ ва ғамхории доимӣ нисбати занону духтарон изҳори миннатдорӣ намуданд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»