ш.Душанбе. 19.06.2021. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ” маросими ифтитоҳи мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба шиноварӣ байни мардон ва занон барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндаи Федератсияи шиноварии Тоҷикистон Ориф Ҷӯраев, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, Директори МД "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ"-и шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов ва муовини Директори Қасри теннис Алисомон Алиаҳмадзода иштирок доштанд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, ҳадафи асосии чорабинии мазкурро ташвиқ, тарғиб ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, рушди варзиши шиноварӣ дар кишвар ва сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуданд.
Қабл аз баргузории ин мусобиқа Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо мураббиёни намуди шиноварӣ, ки масъулияти дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаро ба уҳда доранд, бо намояндагони дастаҳои иштирокчӣ мулоқот анҷом дода, тартибу низом ва мақсаду ҳадафҳои асосии Ҷоми Раиси шаҳрро ба ҳозирин расонида буданд.
Қайд бояд кард, ки дар мусобиқаи мазкур 26 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои пойтахт фаъолона иштирок намуданд. Мусобиқа дар ду марҳила гузаронида мешавад. Марҳилаи аввал миёни варзишгарони касбӣ ва марҳилаи дуюм миёни кормандони вазорату кумитаҳо гузаронида мешавад. Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибонро туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе интизор аст.