ДУЮМИН МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГӮШТИНГИРӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

 

ш.Душанбе. 12.09.2021. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 августи соли 2021, №489 дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ байни мардон ва бонувон барои дарёфти “Ҷоми шаҳри Душанбе” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Россия, Туркия, Украина, Ҳиндустон ва Эрон ширкат намуданд.
Дар оғози мусобиқа муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ширакат ва суханронӣ намуданд.
Тазаккур бояд дод, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, рақобатҳо дар 5 вазн: 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва дар як вазн: 65кг миёни бонувон ҷараён гирифта, ғолибони ҳар 6 вазн бо шоҳҷоизаи мусобиқа – мошини сабукрав қадрдонӣ карда шуданд.
Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” барои дарёфти “Ҷоми шаҳри Душанбе” бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуда, ба барандагони медалҳои нуқра соҳиби 3 ҳазор доллари ИМА ва барандагони ҷои сеюм соҳиби 1,5 ҳазор доллари ИМА, ҳамзамон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” барои дарёфти “Ҷоми шаҳри Душанбе” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ, фароҳам овардани имкониятҳои фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар кишвар, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарони кишвар ва ҷаҳон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонони ҷумҳурӣ миёни варзишгарони ҷаҳон ва ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»