Ба ҳолати имрӯз, яъне 12 сентябри соли 2021 тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавирус - COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.
Ҳамин тавр, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 861 ҳазору 540 воя ваксинаҳои зидди коронавирус ворид карда шуд, ки барои фарогирии гурӯҳи мақсадноки аҳолии аз 18 сола болои мамлакат, ки 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафарро ташкил медиҳад, пешбинӣ гардидааст. Шуруъ аз 23-юми марти соли 2021 бо истифодаи ваксинаҳои воридшуда то имрӯз 2 миллиону 168 ҳазору 537 нафар вояи якумро қабул намуд, ки 37,2 фоизи гурӯҳи мақсаднокро ташкил медиҳад. Инчунин аз шумораи иммунизатсияшудагон 1 миллиону 278 ҳазору 240 нафар вояи дуюмро низ қабул карданд, ки 59 фоизро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт гузаронидани ваксина ба аҳолии мамлакат, имрӯз сатҳи сироятёбии шаҳрвандон ба бемории коронавирус коҳиш ёфта, тайи ҳафтаи охир ҳолатҳои бистаришавии шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ бо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар шаҳри Душанбе бошад, шуруъ аз 29-уми августи соли 2021 ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва тамоми муассисаҳои тиббие, ки беморони коронавирусро табобат мекарданд ба фаъолияти муқаррарӣ оғоз намудаанд.
Дар пойтахти мамлакат дар доираи таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва иқдомҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои пешгирӣ кардани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва мубориза бар зидди он тадбирҳои зиёди самарабахш амалӣ карда шудааст.
Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе ва рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бошад, зери таваҷҷуҳи доимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
Дар рӯзҳои охир ба марказҳои ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ва мутахассиони соҳаи тиб, ки шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд аз ҷониби сокинон даъватҳои алоқаманд ба бемории сироятии COVID-19 анҷом дода нашудааст.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки аз миқдори умумии ваксинаҳои воридшуда 1 миллиону 267 ҳазору 40 воя барои фарогирии аҳолии мақсадноки пойтахт ҷудо гардида, ба ҳолати 12 сентябри соли ҷорӣ 606 ҳазору 885 нафар аз сокинони шаҳри Душанбе (97,0%) бо вояи якум ва 390 ҳазору 416 нафар (62,4%) бо вояи дуюми ваксина фаро гирифта шудаанд ва ваксинагузаронии сокинони пойтахт бо маром идома дорад.
Новобаста ба ин, назорати эпидемиологии бемории COVID-19 дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ба таври мунтазам идома ёфта, рафту омади шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва ба қаламрави мамлакат таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.