Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имкониятҳои сайёҳӣ, дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе “Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ - 2020-2021” ва “Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 2021” бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 25-26 сентябри соли равон дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе “Фестивали тобистонаи Душанбе - 2021 (Dushanbe summer Fest - 2021)” бо иштироки ситораҳои Шарқ: Арон Афшор, Ҳамид Ҳироод, Юлдуз Усмонова ва сарояндаҳои машҳури Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар Фестивал барои иштирокчиён баҳри фароғату истироҳат шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бо ташкили барномаҳои шоу-консерт, хӯрокҳо ва хӯришҳои лазиз, шириниҳо ва обҳои ташнашикан, бозиҳои шавқовари варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, бозиҳои сиркӣ ва театрӣ, парвоз дар кураҳои ҳавоӣ ва дигар чорабиниҳои сайёҳиву фароғатӣ доир мегардад.