ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ 53-ЮМИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛАМЕНТИИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКЧИИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

 

ш.Душанбе. 26 ноябри соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кори ҷаласаи умумии 53-юми Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ), ки дар шакли видеоконференсия доир гардид, иштирок намуданд.
Ҷаласа таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия, Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко доир гардида, дар кори он Раиси Милли Меджлисии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Парламенти Ҷумҳурии Молдова, Раиси Сенати Олий Мажлисии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Раиси Меджлиси Милли Генгеши Туркманистон бо паёми шодбошӣ баромад намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа лоиҳаи як қатор санадҳои қонунгузории намунавии аз ҷониби Ассамблея таҳиягардидаро, ки минбаъд метавонанд дар қонунгузории миллии давлатҳои Иттиҳод истифода шаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, иштирокчиён доир ба лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи дастрасии баробар ба пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ-инфексия) дар кишварҳои ИДМ», «Дар бораи донории узвҳо», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Дар бораи ғалла», тавсияҳо оид ба ҳамгироии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ дар ҳуҷҷатҳои роҳнамоии Қувваҳои Мусаллаҳ, низоми таълими ҳарбии касбӣ ва омодаги неруҳои давлатҳои аъзои ИДМ, тавсияҳо дар бобати ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи рушди рақамӣ, консепсия ва асосҳои қонунгузории рушди устувор барои давлатҳои аъзои ИДМ мубодилаи афкор карда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»