МУЛОҚОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН МУҲТАРАМ ИЛҲОМ АЛИЕВ

 

ш.Душанбе. 03.03.2022. Имрӯз дар ҳошияи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев расонданд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ карда шуд. Дар ин зимн саҳми робитаҳои байнипарламентии ду кишвар дар рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.
Зикр гардид, ки имсол ба муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 30 сол пур мешавад ва бахшида ба ин сана дар ноҳияи Шемах «Боғи дӯстии Тоҷикистон ва Озарбойҷон» бунёд мегардад. Бо ин мақсад аз Тоҷикистон зиёда аз се ҳазор ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаи ба иқлими Озарбойҷон мутобиқ интиқол дода шудааст.
Аснои суҳбат масоили ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар сиғаи созмонҳои байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, инчунин сатҳи баланди ҳамоҳангии ташаббусҳои тарафайн дар арсаи байналмилалӣ муҳокима карда шуд.
Ҷонибҳо вобаста ба тавсеаи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиш додани ҳаҷми гардиши дуҷонибаи молу маҳсулот изҳори назар карда, дар ин самт таъсис додани Шӯрои машваратиро ҳамчун иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Зимни гуфтушунид ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика ва саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ, инчунин тавсеаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар робита ба вазъи сиёсии имрӯза дар ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла атрофи вазъияти ноороми Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор сурат гирифт.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»