АЁДАТИ ЗАНОНИ СОБИҚАДОР ВА ТАҚДИМИ ТӮҲФАҲОИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

Дар доираи таҷлили «Рўзи Модар» муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода бо ҳамроҳии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт ба аёдати занони собиқадор рафтанд. Тадбири мазкур бо пайгирии нишондоди банди 5-уми нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Модар ташкилу роҳандозӣ гардид. Иҷрои чунин амал қадршиносии меҳнати собиқадорон маҳсуб ёфта, амалӣ намудани он дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст. Занони собиқадор аз он меболанд, ки зери сиёсати Президенти кишвар фаъолият кардаву дар Ватани ободу осуда умр ба сар мебаранд. Зимни аёдат аз дастгириҳои занон дар ҳама соҳаҳо ёдовари карда шуд. Занони собиқадор бо хушнудӣ сипоси хешро ба роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳрдории Душанбе нисбати ғамхориву дастгириашон баён карданд.
Дастгирии табақи ниёзманди ҷомеа, дидорбинии собиқадорони ҷангу меҳнат ва болида намудани хотири онҳо ба ин васила аз афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина бо дастгирии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии мамлакат сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он пайваста чунин амалҳои некро анҷом медиҳанд. Собиқадорони меҳнат аз шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт иқдоми роҳандозинамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти адвлатии шаҳри Душанберо хуш истиқбол намуда, афзуданд, ки тадбири мазкур боиси хурсандиву хушҳолии онҳо гардид.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»