ҶАМЪБАСТИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ

ш.Душанбе. 30.03.2022. Сабқатҳо миёни устодон ва ҳаваскорон Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки 25 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, ҷамъбаст карда шуд. Дар рӯзи охир устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 61км ва ҳаваскорон дар масофаи 111км сабқат карданд. Мусобиқа миёни устодони варзиши велосипедронӣ аз рӯи 5 синну сол баргузор гардида, намояндагони Узбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон ғолиб шуданд. Дар мусобиқаи даставии устодон бошад тими Ироқ пирӯз гардид.

 

 

 

 

Натиҷаи мусобиқаи инфиродии умумӣ миёни устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 111км чунин муайян гардид: Ғолибон миёни варзишгарони аз 19 то 34-сола

1. Беҳзодбек Раҳимбоев (Узбекистон)

2. Маҳдӣ Албаттаҳ (Ироқ)

3. Аҳмад Алрикобӣ (Ироқ) Ғолибон миёни варзишгарони аз 35 39-сола 1. Халид Алӣ Алблушӣ (АМА)

2. Алӣ Ҷавод (Покистон)

3. Беҳзод Ҳакимов (Тоҷикистон) Ғолибон миёни варзишгарони аз 40 44-сола

1. Вадим Ежаков (Қазоқистон)

2. Ромин Худоиев (Тоҷикистон) Ғолибон миёни варзишгарони аз 45 49-сола

1. Александ Игонин (Тоҷикистон)

2. Баҳриддин Исомиддинов (Тоҷикистон) Ғолибон миёни варзишгарони аз 50 99-сола

1. Ринат Батиршин (Тоҷикистон)

2. Ҷаргал Гавааҷав (Муғулистон)

3. Павел Салимов (Тоҷикистон) Даставӣ, устодон

1. Ироқ

2. Покистон

3. Тоҷикистон


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»