ИДОМАИ ҲАМОИШИ ФАРҲАНГИЮ КОРИИ НАМОЯНДАГОНИ ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

ш. Душанбе. 24.05.2022. Дар доираи ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе, ки то 26 майи соли равон идома меёбад, ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петерубрги Федератсияи Россия Олег Эргашев ва ҳайати ҳамроҳонаш ба назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон омада, ба зери пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд ва ба арзишҳои волои миллати бостонию тамаддунофари тоҷик арзи эҳтиром ба ҷо оварданд. Дар маросими гулгузорӣ ҳайати меҳмононро муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода ҳамроҳӣ намуд.
Дар идомаи сафари худ ҳайати меҳмонон бо роҳбарии ноиби губернатор, ки ба хотири ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе дар пойтахти мамлакат қарор доранд, ба Боғи Ғалаба омада, дар маросими тантанавӣ дар назди Маҷмааи ёдгории Оташи абадӣ гулгузорӣ намуданд. Дар расми гулгузорӣ ба Маҷмааи ёдгории Оташи абадӣ намояндагони шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ намуданд.
Яке аз бандҳои асосии нақшаи чорабиниҳо «Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Санкт-Петерубрги Федератсияи Россия барои солҳои 2022-2026 ин ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Аз ин рӯ ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петерубрги Федератсияи Россия Олег Эргашев, ки худ табиб аст бо дигар мутахассисони сатҳи баланди соҳаи тандурустӣ аз ин шаҳри Федератсияи Россия ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе омаданд.
Ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев бо пизишкони тоҷик суҳбат карда, бо фаъолияти шӯъбаи ангиография шинос шуд. Ҳамзамон оид ба усулҳои табобати бемориҳои гуногун, аз ҷумла стенмонии рагҳои хунгард мубодилаи афкор намуд. Онҳо инчунин зимни суҳбат ба табобати бемории мағзи сар таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ҷонибҳо таҷрибаи худро оид ба хизматрасониҳои тиббӣ дар бахшу соҳаҳои гуногун ба миён гузоштанд. Баъди шиносоӣ бо фаъолияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба дастгоҳу таҷҳизоти утоқи ҷарроҳии ин Маҷмаа меҳмонон баҳои баланд дода, афзуданд, ки дар инҷо имкони табодули таҷриба миёни табибони шаҳри Душанбе ва Санкт-Петербург дар миён аст.
Ҳаичунин меҳмонон таҳти сарварии ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев дар доираи сафари фарҳангӣ ва кории Санкт-Петербург дар Душанбе ҳамзамон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Душанбе дидан намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин муассисаи таълимии пойтахт синфҳои таълимашон бо забони русӣ фаъолият менамояд. Аз ин рӯ аз ҷониби меҳмонон ба мактаб адабиёти таълимӣ ба забони русӣ туҳфа гардид.
Дар ин муассиса ба хотири ташрифи меҳмонон чорабинии маърифатӣ ташкил гардида, хонандагони МТМУ №28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои меҳмонон барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд. Хонандагон суруду тарона, рақс, инчунин композитсияҳои гуногуни мусиқиро намоиш доданд. Дар ин чорабинӣ директори мактаби № 358-и шаҳри Санкт-Петербург дар назди ҳозирин баромад карда, дар бораи таърихи шаҳри Санкт-Петербург, инчунин дар бораи дастовардҳои хонандагони ин муассисаи таълимӣ баромад кард. Дар фарҷоми чорабинӣ маросими ба имзо расидани «Харитаи роҳ» оид ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни МТМУ № 28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мактаби рақами 358-и ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифт. Гуфта мешавад, ки ташкили чунин ҳамоишҳои фарҳангию корӣ барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоидро фароҳам менамояд.
Шоми имрӯз бошад, дар Театри далатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, барномаи консертии ансамбли овозадори Марошкаи шаҳри Санкт-Петербург барои меҳмонон ва сокинони пойтахт баргузор гардид.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»