КУМАКИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ РУСТАМИ ЭМОМАЛИ БА НИЁЗМАНДОН

 

ш.Душанбе. 08.07.2022. Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд. Дар пайрави ба ташаббусу иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи маъюбони Тоҷикистон дар тарабхонаи Яккасарой баҳри 500 нафар маъюбон, нафарони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва оилаҳои камбизоату ниёзманд дастархони идона ороста гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулин иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба кулли иштирокчиён расонида, изҳор дошт, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо ба нафарони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ, маъюбону барҷомондагон дасти кумаки худро равона месозад ва намегузорад, ки чунин шахсон бекасиву танҳоии худро эҳсос намоянд. Маврид ба зикр аст, ки дар асоси ҳисоботи оморӣ танҳо дар 6 моҳи сипаригардидаи соли 2022 аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба нафарони ниёзманд, яккаву танҳо, нафарони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва дигар нафарон ба маблағи 8,2 миллион сомонӣ кумакҳои моддӣ расонида шудааст. Дар чорабинии имрӯзаи ҷашнӣ ҳамчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба якчанд нафар аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд. Аз дастурхони идонаи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маъюбони тамоми гурўҳҳои синну солӣ, ниёзмандон, шахсони яккаву танҳо ва нафароне, ки ба нигоҳубини онҳо машғул мебошанд, баҳравар гардиданд. Тибқи иттилои масуълин дар арафаи Иди Қурбон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ниёзмандону маъюбон ва дигар шахсони эҳтиёҷманд ба андозаи 1,2 миллион сомонӣ кумакҳои яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд. Дар идомаи дастурхони идонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки ба муносибати Рўзи маъюбони Тоҷикистон барои тамоми маъюбони пойтахт ороста гардида буд, барномаи фарҳангиву фароғатӣ ва консертии Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ пешниҳоди аҳли нишаст гардонида шуд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»