ИҶЛОСИЯИ ДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

 

ш.Душанбе. 14.07.2022. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.

Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Дар иҷлосия вакилон пас аз интихоби котибот ва тартиби кори иҷлосия, рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он масъалаҳо дар бораи рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ вобаста ба амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, дар бораи амалишавии «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025», дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии № 11, 15 ва 62, дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии № 11, 15 ва 62, дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимаи аввали соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шуд.

Дар оғози кори иҷлосия вакилон вазъи иҷрои барномаҳои давлатиро вобаста ба амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ ва рушди системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2018-2022 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба он ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Дар ин раванд Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҳарчи зудтар ба системаи рақамикунонӣ гузаштани самти марбута ба муовини соҳавӣ дастур доданд, ки якҷо бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор бо мақсади такмили соҳаи технологияи иттилоотӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди касбият ба омӯзгорону хонандагон, муаҳҳаз гардонидани синфхонаҳои компютерӣ бо меъёрҳои техникӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо, беҳтар намудани сифати таҳсилот, пайваст гардидани мактабҳо ба барномаи Е-дониш, таъмини муассисаҳои таҳсилотӣ бо мутахассисони касбии фанни технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон, инчунин такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон чораҳои мушаххас андешанд.

Вакилон дар идома ҷараёни иҷрои «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба он муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ҳисобот дод.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориш доданд, ки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо сохторҳои дахлдор, ҷиҳати амалишавии талаботи Барномаи мазкур, омодасозии лоиҳаи замонавии иваз ва азнавсозӣ намудани шоҳқубурҳо ва қубурҳои шабакаҳои обтақсимкунии оби нӯшокӣ ва шабакаҳои корезӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, коҳиш додани талафоти оби нӯшокӣ ва пурра таъмин намудани муштариён бо ҳисобкунакҳои обӣ, саривақт тоза кардани ҳавзҳои такшинонии об, таъмири мунтазами пойгоҳҳои обкашонӣ, барқарор намудани роҳҳои вайроншуда, ки шабакаҳои об гузаронида шудаанд, истифодаи масолеҳи хушсифат дар лоиҳаи обтаъминкунӣ, марҳила ба марҳила пурра ба тавозун гирифтан ва таъмиру нигоҳубини хатҳои оби нӯшокӣ ва корезии маҳаллаҳое, ки аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди шаҳри Душанбе ворид гардидаанд, беҳтаргардонии соҳаи обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанбе, харидорӣ намудани техника ва механизмҳои зарурӣ, таъмир ва иваз намудани таҷҳизотҳои фарсуда дар пойгоҳҳои обтаъминкунӣ, азнавсозӣ ва тозакунии шабакаҳои обу корезӣ, инчунин ҷиҳати назорати сифати маҳсулотҳо дар лоиҳаҳои тадбиқшаванда ва дар муҳлати муқарраргардида бо сифат анҷом додани корҳо чораҳои амалӣ андешанд.

Дар идомаи маҷлис вакилон ваколати вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои №11, 15 ва 62-ро пеш аз муҳлат қатъ карданд. Бинобар ин, бар ивази вак0илони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии рақамҳоии №11, 15 ва 62, санаи 11 сентябри соли 2022 интихобот муайян гардида, комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис вакилон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар шаш моҳи соли 2022 таҳлил ва ҷамъбаст намуда, вазифаҳоро барои нимсолаи дуюм муайян намуданд. Вобаста ба он муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ҳисобот дод.

Дар ин бобат Раиси шаҳр ҷиҳати таъмин намудани сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ, бартараф намудани камбудиҳо дар самти нигоҳдории роҳҳо, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии пойтахт, пешгирии сохтмонҳои худсарона дар пойтахт, биною иншоот ва ошёнаҳои иловагӣ, ҷоннок намудани корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, меҳмонхонаҳо корхонаҳои бунёдшаванда, таъмини сифатан хуби хизматрасонии соҳаи алоқа, вусъат бахшидани корҳо дар роҳҳо ва омодагӣ дидан ба ҷашни 31-солагии истиқлолияти давлатии кишвар, беҳбуд бахшидани сифати алоқаи мобилӣ ва интернет, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, таъмини нақшаи иҷрои андоз, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини риояи либоси ягона ва пешгирии савдои кӯчагӣ, таъмини фаровонии бозорҳои пойтахт бо маҳсулотҳои озуқаворӣ, ба низом даровардани ҳаракати нақлиётҳои мусофирбар, таҳияи нақша ва марҳила ба марҳила ба нақлиёти барқӣ гузаштан, одилона истифода бурдани воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии корхонаҳои нақлиётии шаҳр, назорати тартибу низом ва одобу рафтори ронандагон ва дар муҳлат ва сифат анҷом додани корҳои лоиҳавии нақлиёт, таъсис додани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ, таъмин намудани нигоҳубини дарахтон, гулҳо ва буттаҳо, омода намудани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ва дигар масъалаҳои муҳим ба роҳбарони сохтору муассисаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Бо ҳамин иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»