ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО САФИРИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН

image news_215_imageш.Душанбе. 29.01.2020. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн мулоқот кард.

 

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, самту уфуқҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманди барои ҳар ду тараф муфидро муайян намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот атрофи мавзӯоти марбут ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳанг ва варзиш мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Иштирокчиёни вохӯрӣ ба роҳҳои таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ройтлингени Чумҳурии Федеративии Олмон диққати ҷиддӣ доданд.

Дар доираи татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ манфиатдории худро таъкид намуданд.

Дар рафти музокирот, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ гардид.

Мулоқот ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»