ш.Душанбе. 15.07.2020. Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид.
Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 10 масъала, аз ҷумла, дар бораи тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, рушди соҳаи энергетика, бахусус ба низоми замонавии билингӣ гузаштани хизмат, таъмини боэътимоди барқ ба сокинон, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва барқарорсозии қисмати шабака, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рафти таъмини нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020», ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 29 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №42 ва таъйин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии номбурда, таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шуд.
Дар ибтидо иҷлосия қарори Раиси шаҳри Душанберо “Дар бораи тағйир додани сарҳадҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии ҳудуди шаҳри Душанбе” бо инобати заминҳои воридгардида аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони 7 659,25 (ҳафт ҳазору шашсаду панҷоҳу нуҳу аз сад бисту панҷ) гектар ва ба масоҳати умумии 20 318,25 (бист ҳазору сесаду ҳаждаҳу аз сад бисту панҷ) гектар муқаррар намудани ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе тасдиқ кард.
Сипас вакилони халқ масъаларо дар бораи рушди соҳаи энергетика, бахусус ба низоми замонавии билингӣ гузаштани хизмат, таъмини боэътимоди барқ ба сокинон, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва барқарорсозии қисмати шабака баррасӣ карданд.
Дар ин самт Раиси шаҳр масъулин ва сохторҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки фаъолияти мунтазам ва омодагии дастгоҳу таҷҳизотҳои барқӣ,трансформаторҳои зеристгоҳҳои барқӣ ва нуқтаҳои трасформаторӣ, сарфакорона истифода бурдани энергияи барқ, пешгирии талафот ва ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи он аз ҷониби муштариён, ҷамъоварии пардохти саривақтӣ ва коҳиш додани қарзҳои истифодаи энергияи барқ, иваз намудани таҷҳизотҳои куҳна ва фарсудаи барқӣ ба таҷҳизотҳои нави муосирро таъмин намуда, корҳои татбиқи низоми биллингии назорат ва баҳисобгирии энергияи барқро вусъат бахшанд. Ҳамзамон, бобати пешгирии қатъшавии энергияи барқ ва таъмини мунтазами он дар фасли зимистон корҳои профилактикӣ ва таъмири ҷории таҷҳизотҳоро ба роҳ монда, ҷиҳати давра ба давра насб намудани ҳисобкунакҳои нави электронии муосир тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар идома вакилони халқ масъаларо «Дар бораи иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вобаста ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баррасӣ намуданд.
Вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи вакилони халқ, масъулин ва сохторҳои марбутаро ба иҷрои босифати барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар иртибот ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҷалб намуда, таъкид карданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, таъмини таълимгоҳҳо бо кадрҳои баландихтисос тадбирҳои судманд андешида, бобати пайдо намудани роҳҳои ҷалби толибилмону донишҷӯён ба азхудкунӣ ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҷиҳозонидани мактабҳо бо асбобҳои айёнӣ ва таъсиси корхонаи истеҳсоли асбобҳои айёнӣ фаъолиятро пурзӯр намоянд.
Ҳамзамон, Раиси шаҳри Душанбе масъулини соҳаи тандурустӣ ва Раисони ноҳияҳои пойтахтро муваззаф сохтанд, ки бо мақсади беҳбуд бахшидани вазъи санитарии пойтахт, пешгирии бемориҳои сироятӣ, инчунин таъмини ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолӣ чораҳои қатъӣ андешида, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории пандемияи коронавирус «Covid-19» дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилот ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, захираи маводҳои худмуҳофизатии тиббӣ, доруворӣ ва маҳлулҳои лабораториро дар муассисаҳои табобатӣ таъмин намуда, ба такмили кори ташхисгоҳҳо, тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳаи тиб, хусусан табибони оилавӣ, сироятшинос ва вирусологҳо, инчунин омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Ҳамчунин корҳоро дар самти риояи қоидаҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хусусан истифодаи ниқоб ва дигар чораҳои амниятӣ ҷоннок намуда, ба дигар сохторҳо дастур доданд, ки доир ба баланд бардоштани фаъолияти китобхонаҳо, истифодаи самараноки майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон пас аз таҷдиди дубора ва нигоҳубин, тозагӣ ва тибқи реҷаи корӣ фаъолият намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рафти таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020"- ро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин замина масъулини соҳаҳои дахлдор ва Раисони ноҳияҳои шаҳрро вазифадор кард, ки корҳои созандагиву ободониро тақвият бахшида, ба шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, парвариш намудани гулҳои мавсимӣ диққати ҷиддӣ дода, бо инобати гарм шудани обу ҳаво ҷиҳати таъмини нигоҳубини дарахтон, гулҳо ва буттаҳо корҳои обмониро тақвият дода, сабзиши ниҳолу дарахтони аз хориҷи кишвар воридгардидаро таъмин ва бобати пешгирӣ аз хушкшавии онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Зимни баррасии масъалаи ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз тамоми сохторҳои пойтахт талаб карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар самти рушду пешрафти тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ бахшида ба ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насби шиору овезаҳо дар кӯчаву хиёбон ва бинову иншоот, тақвияти корҳои рангуборкунӣ ва ороиши намои бинову иншоот таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, сари вақт баровардани партовҳо ва дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ доштани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, инчунин бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ, кормандони корхонаҳои давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҳар ҳафта ташкил кардани шанбегиҳо чораҷӯӣ намоянд.
Дар ин росто, аз масъулин ва хоса Раисони ноҳияҳо тақозо карда шуд, ки баҳри истироҳату фароғати шаҳрвандон дар боғҳои фарҳангӣ тамоми шароити мусоидро бо риояи талаботҳои санитарию гигиенӣ таъмин карда, барои муҳайё сохтани зиндагии шоистаи сокинон тадбирҳо андешанд.
Иҷлосия ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло – аз ҳавзаи интихоботии №23-ро бо сабаби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидан ва Зуҳурова Заррина Ҳабибуллоевна – аз ҳавзаи интихоботии №42-ро бо сабаби ба мансаби сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъйин гардиданашон, пеш аз муҳлат қатъ намуда, санаи 13 сентябри соли 2020 ба ҷои вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №42 интихоботи вакилонро таъйин кард ва Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №42 -ро дар ҳайати 9 нафар таъсис дод.
Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанберо дар нимсолаи аввали соли 2020 ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои нимсолаи дуюм муайян кард.
Тавре зикр гардид, хуруҷи бемории короновирус (COVID-19) дар аксар кишварҳои ҷаҳон ва ҳолати сироятёбии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушди баъзе аз нишондиҳандаҳои иқтисодии пойтахт таъсири манфӣ расонида бошад, ҳам, новобаста ба ин, дар давраи сипаришуда Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 6, 7 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 20,7 фоизро ташкил дод.
Дар маҷмӯъ ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда 7 497 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шуд.
Дар ин робита, ҷиҳати баланд бардоштани рушди иҷтимоӣ-иқтисодии пойтахт Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки бо дарназардошти сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқололияти давлатии Тоҷикистон иҷрои саривақтии Нақша-чорабиниҳои амалисозии корҳои ободониву бунёдкориро дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд таъмин намуда, рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ ва воридотивазкунанда чораҷӯӣ намуда, беҳтар намудани сифати корҳои сохтмон ва дар ин замина аз комиссияи давлатии қабул гузаронидани биноҳои истиқоматӣ, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонӣ, пешгирии ҳолатҳои ғасби замин ва сохтмони худсаронаи ошёнаҳои иловагии манзилҳои истиқоматӣ, беҳтар намудани сифати бунёди роҳҳо, пешгирии талафоти оби нушокӣ, назорат дар самти обтаъминкунӣ, насби ҳисобкунакҳои обӣ корҳоро пурзӯр намуда, масъулин ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқу тартиботро вазифадор карданд, ки дар ин самт пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканӣ ва вайронкориҳоро гирифта, миёни сокинон корҳои тарғиботиро ҷоннок намоянд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо инобати таъмини рушди устувори пойтахт вазифаҳоро барои давраи минбаъда муайян карда, ба роҳбарони ҳамаи ташкилоту муассисаҳо супориш доданд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва таъмини суръати рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ ва андози иҷтимоӣ, дарёфти сарчашмаҳои нав ва зиёд намудани даромади буҷет, баланд бардоштани интизоми андозсупорандагон ва бо дарназардошти муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия бобати захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намуди маҳсулот тариқи шартномабандӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ чораандешӣ намуда, ба риояи қоидаҳои савдо, меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, таъмини либоси ягонаи корӣ дар корхонаҳои савдои хӯроки умумӣ ва бозорҳо, ҳамзамон аз байн бурдани савдои кӯчагӣ ва пешгирии фурӯши маҳсулоти тамоку ва спиртӣ ба ноболиғон чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Масъулини соҳаи нақлиёт муваззаф гардиданд, ки фаъолияти самараноки хизматрасониро дар нақлиёти ҷамъиятӣ таъмин намуда, пешгирии тамбашавӣ, риояи бечунучарои қоидаҳои роҳ ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи нави бемории сироятии «КОВИД-19» пурзӯр карда, вобаста ба одоби муошират, истифодаи сару либоси ягона ва пешгирии сабқати ронандагон чораҳои лозимаро роҳандозӣ намоянд.
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳим баррасӣ ва тасдиқ кард.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Бо ҳамин иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро ба анҷом расонд.