ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ИЛОВАГӢ ВА ХОБГОҲИ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

шаҳри Душанбе, 17.08.2020. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз се қисми 3 ошёна ва як бинои ду ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 11634 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои иловагӣ барои 624 хонанда ва хобгоҳ барои 230 ҷой пешбинӣ шудааст.

Дар бинои иловагӣ синфхонаи таълимӣ, озмоишгоҳи фаннӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, утоқи омӯзгорон ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мавҷуд буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон барои ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифтани хонандагон ва соҳибкасб гаштани онҳо утоқҳои кандакорӣ, дӯзандагӣ ва пухтупази хӯрокҳои миллӣ бунёд ёфтааст.

Бинои хобгоҳ дорои 56 ҳуҷраи хоб, синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи мураббӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.

Дар соли таҳсили 2019-2020 муассисаи таълимиро 91 нафар хонандаи синфи 11 ва 116 нафар хонандаи синфи 9, аз ҷумла ду нафар бо медали тило хатм намуданд.

Дар маҷмӯъ дар соли таҳсили 2019-2020 хонандагони Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар олимпидаҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 122 ҷойи ифтихорӣ гаштанд.

Мавриди зикр аст, ки Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аввалин Литсейи Президентӣ дар мамлакат мебошад, ки соли 1998 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

Ҷавонон нерӯи созанда ва бунёдкори ҷомеа маҳсуб ёфта, ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз насли донишманду соҳибмаърифат вобастагӣ дорад. Ҳукумати мамлакат нисбат ба масъалаҳои маориф ва ҷавонон, аз ҷумла беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, соҳибихтисос гаштану бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя расида, дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам обод гардидани Тоҷикистон ва ҳифзи Истиқлолияту арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи мамлакат ба таври назаррас рушд карда, сатҳу сифати таълиму тарбия низ комилан беҳтару хубтар шуд ва дастоварди хонандагони муассисаҳои таълимии мамлакат сол то сол афзун гардид.

Аснои шиносоӣ аз иншооти навбунёд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо вазифадор намуданд, ки то оғози соли таҳсили 2021 дар назди Литсей боғчаи кӯдакона барои 230 нафар таъсис диҳанд. Дар иншооти мазкур ҷиҳати замина гузоштан ба рушди малакаи зеҳнии кӯдакону наврасон ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа зарур шуморида шуд.

Дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе солҳои охир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат тайёр кардани мутахассисон, тарбияи кадрҳои болаёқат, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва илмомӯзии насли наврас нақшаҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳҳомии кӯшодаи “ПИЛҶ САНИИОСП” ва пудратчии асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012” мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулонро ба беҳтар намудани фаъолияти касбӣ ва хизмат ба нафъи Ватану миллат ҳидоят намуданд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»