ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

шаҳри Душанбе, 01.09.2020. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ башхида шуд.

Бинои нави Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» мебошад. Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба иҷро расиданд.

Ёдовар мешавем, ки Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ таърихи 85 сола дошта, ҳанӯз соли 1935 таъсис ёфтааст. Ин боргоҳи илму маърифат ва касбу ҳунар давоми солҳои тӯлонӣ дар биноҳои гуногун фаъолият кардааст. Бо дарназардошти ҷавобгӯ набудан ба талаботи замон соли 2014 сохтмони бинои нави коллеҷ оғоз шуд. Инак, муассисаи таълимӣ соҳиби бинои наву замонавӣ гардид, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад.

Аснои шиносоӣ аз шароитҳои фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз муҳайё гардидани имкониятҳои васеи илму ҳунаромӯзӣ масъулонро барои омода кардани мутахассисони баландихтисос ҳидоят намуданд. Дастур дода шуд, ки дар раванди таълим ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.

Мавриди зикр аст, ки бинои навсохти Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дорои 28 кафедра, 146 синфхона ва 8 толори барҳавои лексионӣ мебошад, ки бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва муосиртарин технология аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз мебошанд, ки барои таҳсили 3 ҳазору 500 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» аз рӯи 12 ихтисос аз ҷумла, кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори ҳамширагӣ дар косметология, кори дандонсозӣ, кори табобати дандон, кори тиббӣ – офиятӣ, кори фарматсевтӣ, корҳои тиббӣ – ташхисӣ, корҳои тиббӣ-профилактикӣ, истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ, ташхис ва табобати нурӣ мутахассисон омода карда мешаванд.

Соли ҷорӣ дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисоси нав - “Кори ҳифзи иҷтимоӣ” низ дар ин муассисаи таълимӣ ба роҳ монда шуд.

Синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои омӯзгорон бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва хати интернет пайваст мебошанд. Дар китобхонаи коллеҷ наздики 65 ҳазор номгӯи адабиёти таълимӣ, методӣ, тахассусӣ, илмию бадеӣ ва сиёсиву фарҳангӣ мавҷуд аст. Илова бар ин китобхонаи электронӣ бо 15 адад компютер, ки бо шабакаи интернет пайвастанд, муҷаҳҳаз буда, дар хазинаи он зиёда аз 3 ҳазору 200 номгӯи адабиёти гуногун дар шакли электронӣ мавҷуд аст.

Теъдоди умумии компютерҳо дар ин муассисаи тозабунёди таълимӣ 440 ададро дар бар гирифта, 109 адад принтер, 87 адад тахтаи электронӣ ва 82 адад видеопроектор мавҷуд аст, ки дар раванди таълим донишҷӯён аз онҳо босамар истифода менамоянд.

Айни замон дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 7 ҳазору 569 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 2 ҳазору 19 нафар писар ва 5 ҳазору 550 нафар духтар мебошанд. Ба онҳо 321 нафар омӯзгор, аз ҷумла 85 нафар бо дараҷаи тахассуси олӣ, 64 нафар тахассуси якум ва 49 нафар тахассуси дуюм дарс мегӯянд.

Ҷиҳати мутобиқ намудани раванди таълим ва машғулиятҳои амалии донишҷӯён ба меъёрҳои байналмилалӣ дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ якчанд маркази таълимию табобатӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла Маркази таълимӣ - табобатии “Ҷарроҳия”, Маркази таълимӣ – табобатии “Стоматология”, Маркази таълимӣ – истеҳсолии “Таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш”, Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Дорусозӣ”, Маркази “Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ”, Маркази “Омӯзиши малакаҳои амалӣ” ва “Осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ”, таъсис дода шудааст, ки дар онҳо омӯзгорони соҳибтахассус фаъолият намуда, ба донишҷӯён машғулияти амалӣ мегузаранд.

Бинои асосии муассиса ҳамчун бинои маъмурӣ пешбинӣ шудааст, ки дар таҳхонаи он маркази тестӣ мавҷуд аст. Дар қабатҳои болоӣ утоқҳои корӣ, бойгонӣ, шуъбаҳои таълим, тарбия, илм ва ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шудаанд. Дар муассисаи таълимӣ ошхона бо 200 ҷой мавҷуд буда, барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳо толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Дар саҳни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 3 майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва боскетбол бунёд шуда аст, ки бо мақсади ба варзиш машғул шудани донишҷӯён шароити зарурӣ фароҳам аст. Бояд гуфт, ки толори барҳаво ва майдончаҳои варзишии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ имкон медиҳад, ки натанҳо мусобиқаҳои варзишии дохили муассисавӣ, балки мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ низ ташкилу баргузор карда шаванд. Муассисаи навбунёд пурра бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст гардидааст ва раванди таълим тавассути дастгоҳҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.

Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марҳилаҳои ташаккули тибби тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ дорад, изҳори андеша карда, тарбияи мутахассисони баландихтисосро дар ин ҷода аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорон арзёбӣ карданд. Таъкид шуд, ки соҳаи тандурустии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи солимии аҳолиро, ки бойгарии давлат аст, дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ муассисаҳои нави тандурустӣ бунёд гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳа муҷаҳҳаз карда мешаванд, то хизматрасонии тиббӣ ба сокинон боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад. Пешвои муаззами миллат ба ҷамъоварӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахши диёр низ диққати махсус равона карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кобинети фармакогнозия ва истеҳсоли дорувории коллеҷи мазкур 16 намуд маводи доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахш истеҳсол мешавад.

Ба иттилои масъулон соли 2020 Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”-ро 2 ҳазору 280 донишҷӯ аз рӯйи 12 ихтисос хатм намуда, соҳиби маълумоти миёнаи тиббӣ гардиданд. Донишҷӯёни дурдасти мамлакат бо хобгоҳи замонавӣ ва дорои шароити арзандаи зист таъмин мегарданд. Саҳн ва атрофи бинои нави Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ сабзкорӣ гардида, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шудааст.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»