шаҳри Турсунзода. 07.09.2020. Санаи 7 августи соли 2020 дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии шолӣ дар Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Ҳақиқат”-и шаҳри Турсунзода оғоз бахшиданд.
Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.
Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода имрӯз дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироатҳо ва дигар маводи ниёзи аввал, шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста мешавад.
Хоҷагии мазкур фарогири 887 гектар замин мебошад ва имсол саҳмдорони он дар масоҳати 45 гектар шолӣ кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб дорад.
Шолие, ки имрӯз ҷамъоварии он бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт, баъди ғунучини ғалладонагиҳо, хоса гандум ва ҷав, яъне кишти такрорӣ мебошад. Тибқи таҳлили мутахассисон соҳаи кишоварзӣ бо дарназардошти ҳосилбандии ниҳоли зироат дурнамои он дар заминҳои хоҷагии “Ҳақиқат” аз 48 то ба 50 сентнер бояд баробар гардад. Ҷамъоварии ҳосили шолӣ дар ҷамъияти мазкур бо истифода аз техникаҳои махсуси даравкунанда ба роҳ монда мешавад.
Иқлими шаҳри Турсунзода барои кишту парвариши шолӣ ва истеҳсоли биринҷи хушсифат мувофиқ аст. Аз ин рӯ кишоварзони шаҳр ба ин самт бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Имсол нақшаи шоликориро кишоварзони шаҳри Турсунзода дар кишти асосӣ 500 гектар ва дар кишти такрорӣ 2228 гектар муайян намуда буданд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани майдони кишти зироати кишоварзӣ ва захираи ҳарчӣ бештари маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин ба хотири саҳм гузоштан дар фаровонии биринҷи хушсифати ватанӣ дар бозори истеъмолӣ кишти асосии ин навъи зироатро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 745 гектар расонида, дар кишти такрорӣ майдони онро ба 3245 гектар баробар намудаанд.
Дар маҷмуъ, имсол майдони умумии кишти шолӣ дар шаҳри Турсунзода 4018 гектарро ташкил намудааст, ки ин нишондод ҳавасмандии сокинон ва самараноку оқилона истифода гардидани ҳар ваҷаб заминро бозгӯ мекунад. Ҷамъоварии шолӣ дар дигар хоҷагиҳои шаҳр низ оғоз гардид. Барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ин навъи зироат дар шаҳри Турсунзода 60 техникаи даравкунанда омодаи кор мебошад.
Кишоварзони хоҷагии “Ҳақиқат” дар шаҳри Турсунзода имсол кишту парвариши дигар навъҳои зироатро низ вусъат бахшида, дар масоҳати 89 гектар дар заминҳои обӣ ва 139 гектар дар заминҳои лалмӣ гандум кишт намудаанд. Майдони сабзавотро ба беш аз 5 гектар расонида, ҳамчунин 210 гектар кишти пахта гузаронидаанд.
Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ҳақиқат” 630 нафар коргари доимӣ фаъолият намуда, боз беш аз 600 нафар сокинони маҳаллӣ дар мавсими кишт, парвариш ва ҳосилғундорӣ ба кор ҷалб мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки дар заминаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати вусъат бахшидани кишту парвариши зироати кишоварзӣ, инчунин ҳавасмандии хоҷагидорон дар самти зиёд намудани майдони кишт сол то сол ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегардад.
Дар ҳафт моҳи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр ба маблағи 322 млн. 622 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 млн. 579 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Имсол кишоварзони шаҳр дар майдони 14433 гектар ғалладонагӣ, 2961 гектар сабзавот, 827 гектар картошка, 1178 гектар пахта, 496 гектар зағер, 147 гектар полезӣ ва 36 гектар дигар намудҳои зироати кишоварзӣ, дар маҷмуъ дар масоҳати 21204 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронидаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошу заҳматҳои кишоварзони шаҳри Турсунзода, ҷиҳати васеъ намудани майдони кишт, афзун бахшидан ба ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ, дар маҷмуъ истифодаи мақсадноку самарабахши ҳар порча замин ва саҳм гузоштан дар фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ баҳои баланд дода, фаъолияти онҳоро барои хоҷагидорони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат намунаи ибрат ҳисобиданд.