ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРИИ «ОИЛАИ БЕҲТАРИН», «МАҲАЛЛАИ БЕҲТАРИН» ВА «КӮЧАИ БЕҲТАРИН»

 

ш.Душанбе. 07.09.2020. Озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №172 ташкилу баргузор шуд, ҷамъбаст гардид.

Зимни як ҳамоиши тантанавӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳбарони "Оилаи беҳтарин", раисони "Маҳаллаи беҳтарин" ва "Кӯчаи Беҳтарин", ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, қадрдонӣ шуданд.

Намояндагони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳбарони оилаҳои беҳтарин, раисони маҳаллаҳо ва кӯчаҳои беҳтаринро, ки барои саҳми арзанда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ, созандагӣ, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами Шӯроҳои маҳалла, Оила ва Кӯча ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, бо диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун, дар номинатсияи "Оилаи беҳтарин" оилаи Қурбонова Заррагул - истиқоматкунандаи кӯчаи Қурбон Раҳимови ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба дарёфти мақоми аввал, оилаи Фирӯза Ҳиматова - аз кӯчаи Гастеллои ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи дуюм ва оилаи Абдуғаффор Ғаниев - аз кӯчаи Сайидои Насафии ноҳияи Фирдавсӣ ба гирифтани ҷойи сеюм ноил шуданд.

Дар номинатсияи "Маҳаллаи беҳтарин" ҷойи аввал ба маҳаллаи "Шоҳмансур-1"-и ноҳияи Шоҳмансур, ҷойи дуюм ба маҳаллаи "Чортут"-и ноҳияи Сино ва ҷойи сеюм ба маҳаллаи "Шафақ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муносиб дониста шуд.

Дар номинатсияи "Кӯчаи беҳтарин" бошад, ҷойи аввал ба хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷойи дуюм ба кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва зинаи сеюм ба кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ сазовор дониста шуд.

Ғолибон дар шароити тантанавӣ бо мукофотҳои пулӣ ва Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

Ба ғолибони озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин» - 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ (барои ҷойи якум - 6000, ҷойи дуюм - 4000 ва ҷойи сеюм - 2000 сомонӣ), «Маҳаллаи беҳтарин»-12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ (барои ҷойи якум - 6000, ҷойи дуюм - 4000 ва ҷойи сеюм - 2000 сомонӣ) ва «Кӯчаи беҳтарин» - 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ (барои ҷойи якум - 6000, ҷойи дуюм- 4000 ва ҷойи сеюм - 2000 сомонӣ) супорида шуд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»