РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

 

ш. Душанбе. 11.09.2020. Субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Шермаҳмад, Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир намуд.

Зимни баргузории ҷаласа дар қатори дигар масъалаҳо, санҷиши муроҷиати хешовандони духтари сесолаи таҷовузшуда аз шаҳри Турсунзода ва дигар ҳодисаҳои ба ин монанд, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, боиси ба вуҷуд омадани сару садоҳои зиёд доир ба ин масъала гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вобаста ба ин ва дигар ҷиноятҳои дар давраи солҳои 2017-2019 ва 8 моҳи соли 2020 оид ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ содиршуда ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба ҳодисаи дар шаҳри Турсунзода содиршуда шахсони гумонбар дастгир гардида, айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ таҳти назорат идома дорад.

Инчунин доир ба ин масъала Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.

Пас аз гузориши роҳбарон ва шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба онҳо, аз ҷумла ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятиро ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият, ахлоқ, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбат ба хурдсолон ва ноболиғон, ки дар моддаҳои 138-142 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мавриди таҳлил қарор дода, сабабу омилҳои содиршавии чунин ҷиноятҳоро муайян намуда, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ намудани содиршавии онҳо якҷо бо дигар мақомоти дахлдор чораҳои қатъӣ андешанд.

Зеро содиршавии чунин амалҳои нангин ва барои мардуми мо бегона, ки хусусан, нисбат ба хурдсолону ноболиғон бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зеҳнии онҳо содир карда мешаванд, номи неки миллат ва ҷомеаи моро доғдор месозанд ва ба саломатии насли наврас таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз зиндагӣ ноумед мегардонанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарону шахсони масъул дастур дод, ки вобаста ба пешгирии чунин ҳодисаҳо ба корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ тақвият бахшида, бо мақсади минбаъд пешгирӣ намудани чунин кирдорҳои нангин меъёрҳои қонунгузорӣ, пеш аз ҳама, моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа такмил дода шаванд ва нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин ҷиноятҳо ҷазои ҷиноятӣ пурзӯр карда шавад.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»